Профессор Порнчай Данвиватана ба ДБССТ баҳои баланд додааст
Дабири кулли муколамаи ҳамкории Осиё Порнчай Данвиватана аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дидан намуд. Шиносоии Порнчай Данвиватана аз фаъолияти илму таълимии ин муассисаи олии байналмилалӣ 7 июни соли равон дар доираи чорабиниҳои Форуми 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 сурат гирифт.
Меҳмони олиқадрро дар саҳни донишгоҳ роҳбарият ва устодону кормандон бо расму оинҳои миллӣ ва пешниҳоди намоиши дастовардҳои муассиса дар замони соҳибистиқлол пешвоз гирифтанд.
“Зимни ташриф ба донишгоҳ, ҷаноби Порнчай Данвиватана аз пойгоҳи таълимиву озмоишгоҳии муассиса дидан намуда, ба шароити муосири омодасозии кадрҳо баҳои баланд дод. Сипас, меҳмонон дар машғулиятҳои намунавии омӯзгорон ширкат варзида, бо лоиҳаҳои инноватсионии таҳиянамудаи донишҷӯён аз наздик ошно гардиданд”, -иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.
Гуфта мешавад, инчунин, мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода бо профессор Порнчай Данвиватана сурат гирифт.
Ҷонибҳо дар раванди мулоқот оид ба шомилшавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Шабакаи донишгоҳҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё (UN ACD), табодули академии донишҷӯён, ташкили такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби омӯзгорони хориҷӣ ба донишгоҳ, амалисозии барномаҳои муштараки таҳсилот миёни донишгоҳҳои аъзо ибрози андеша намуданд.
Профессор Убайдулло Асрорзода аз Порнчай Данвиватана даъват ба амал овард, ки дар Форуми байналмилалии сайёҳӣ, ки дар назар аст соли 2022 дар донишгоҳ баргузор шавад, ширкат варзад. Ин таклиф пазируфта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ