Прокуратура “Мурғи ором”-ро ноором кард

Прокуратураи  Суғд алайҳи мудири ошхонаи маъруфи «Муҳаммад», ки мурғҳоро зинда ба зинда дар равғани бирён мепухтанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

 Мақомот мудири ин ошхонаро барои «таҳия ва фурӯши ғизои ба саломатии инсон зарарнок», айбдор эълон мекунанд . Навори зинда ба зинда ба деги равғани бирён андохта, пар кандани мурғҳо дар ин ошхона, моҳи апрел ба шабакаи интернетӣ роҳ ёфт ва миёни корбарон шӯру баҳсҳоеро барпо карда буд.Муҳаммадалӣ Пардазода, як масъул дар Прокуратураи вилояти Суғд гуфт, ташхиси заррабинӣ дар таркиби гӯшти мурғе, ки ин ошхона «дар шароити ғайрисанитарӣ» мепухт, ангезаҳои ба саломатии инсон хавфнок ошкор кардааст. Ӯ афзуд, нисбат ба Ф. Алимов, мудири ин ошхона, ки муддатҳои тӯлонӣ дар шароити ғайрисанитарӣ ба пухту паз ва фурӯши мурғ машғул буд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.»Прокуратура мудири ошхонаи «Муҳаммад»-ро бо моддаи 209-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне «истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад», айбдор донистааст.Дар замони тафтиши парванда, ошхонаи «Муҳаммад», ки миёни сокинон ба номи «Мурғи Ором» маъруф аст, бо қарори мақомот баста шудааст. Бино ба иттилои прокуратура , ҳамчунин дар тӯли камтар аз 1,5 соли охир нисбат ба мудирони тарабхонаи «Фирдавс» (маъруф ба «Белий дом»), мантухонаи «Насиба» ва «Сим-Сим», ки низ ғизоҳоро аз гӯшти бесифат ва дар шароити бад хӯрок омода мекарданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттилоъ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд, ки рӯзи 8-уми июн дар додситонии вилоятӣ баргузор шуд, садо дод.Бино ба маълумоти расмӣ, дар муддати як солу 4 моҳи ахир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба маблағи 3.3 миллион сомонӣ маҳсулоти пастсифат, ки қисмати умдаи он маводи ғизоӣ мебошад, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Дар ин давра 47 сокини вилояти Суғд аз истеъмоли хӯроки заҳролуд ва пастсифат бемор гардида, 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *