Кампири 70- сола ҳомила шуд

Бонуи мексикоӣ Мария де ла Луз расман эълон кардааст, ки дар синни 70-солагӣ ҳомиладор аст.

Барои муайян сохтани ҳомиладории Мария табибон ӯро 10 маротиба аз ташхиси УЗИ гузаронда, боварӣ ҳосил намуданд, ки дар батни зан дар ҳақиқат тифли шашмоҳа аст.  Дар сурати сиҳату саломат таваллуд карданаш Мария рекорди «пиртарин модари ҷаҳон»-ро гузошта, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил хоҳад гашт.

Ин бонуи 70-солаи мексикоӣ барои тасдиқи ҳомиладориаш аксҳои ташхиси УЗИ-ро ба маърази тамошои умум гузошта бошад ҳам, ҳанӯз барои ба даст овардани рекорд ба мақомоти дахлдор ҳуҷҷат пешниҳод накардааст.

“Табибон мегӯянд, ки тифли батни ман духтарча аст. Ба ин каллачаи зебои хурдакак нигаред “, – мегӯяд Мария ба коғази акси тифлаш ишора карда.

Аз ҳомиладориаш худи Мария ҳамагӣ се моҳ қабл дарак ёфтааст. Аслан вай бо сабаби дарди по ва сарчархзанӣ ба табибон муроҷиат намудааст, вале ҳангоми ташхис маълум мешавад, ки ин зани умраш ба 70 расида ҳомиладор аст.

Табибон ҳар дафъаи ташхис ба чашмони худ бовар намекарданд, вале ҳар дафъа ҳомиладор будани Мария собит мегашт. Ногуфта намонад, ки Мария де ла Луз аллакай соҳиби ҳафт фарзанд аст ва хабари ҳомиладор шудани модари пирашон онҳоро шод насохтааст, чун аз саломатии модар ҳарос доранд. Табибон ният доранд, ки тифли Марияро бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар аз батни модар берун оранд. Дар сурати таваллуди бомуваффақият Мария рекорди бонуи дигари ҳамномаш – Мария Дел Кармен Босуада де Лараро, ки дар синни 66-солагӣ дугоник таваллуд кардааст, бекор мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *