Прокуратураи генералӣ: Ҷангиён кушта шуданд, шикоят аз шиканҷа зиёд аст

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ аз рӯи ҷадвали муқарраршуда баргузор гардид ва дар он Прокурори генералӣ ширкат намуда, саволҳои зиёде матраҳ гардиданд.

Бо фарқ аз дигар нишастҳо, дар Прокуратураи генералӣ барои ҳисоботи корҳои анҷомдодашуда Прокурори генералӣ ҳамагӣ 8 дақиқа вақт сарф кард ва вақти асосиро барои ҷавоб гуфтан ба саволҳои хабарнигорон ҷудо намуд, ки ин корро бояд дигар сохторҳо низ идома диҳанд.Зеро аксари сохтор ва вазоратҳо вақти асосиро бо ҳисоботи нолозим мегузаронанд,ки матни онро аллакай дар пресс релиз мехонем.  (Масалан дар Кумитаи рушди маҳал барои ҳисобот зиёда аз 40 дақиқиа вақт сарф шуд)Дар нишасти Прокуратураи генералӣ ба ҳамаи саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфта шуда, ба бисёр масъалаҳои доғи руз равшанӣ андохта шуд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Прокуратураи Тоҷикистон, аксари тоҷикон, ки ба Ироқу Сурия рафта ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, кушта шудаанд. Ин гуфтаҳоро Абдулхайр Абдулҳасаниён, корманди масъули Прокуратураи генералии  Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба забон овард.Ба гуфтаи ӯ, бештар аз 450 ҷангҷӯи дигари Тоҷикистон дар зиндонҳои хориҷӣ ҳастанд, вале номи кишварҳои хосро набурд. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия ва Афғонистон рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд. Ба гуфтаи корманди дигари масъули ин ниҳод Шариф Қурбонзода ,  имсол 2 корманди милиса ва як корманди мақомоти амният бо гуноҳи шиканҷа ба 12 ва 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Айни замон ба гуфтаи ӯ, муроҷиати сокинон дар бораи бадрафториву шиканҷа аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ афзудаст.Шариф Қурбонзода гуфт,ки  дар шаш моҳи соли 2018 аз мардум 37 муроҷиат дар бораи шиканҷа гирифтаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2017 додситонӣ фақат 9 шикоят аз бадрафториву шиканҷа сабт карда буду халос.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *