Прокурорҳои Суғд аз мансаб сабукдӯш шуданд
Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби таҳқиқи ошӯби зиндониҳо дар як маҳбаси Хуҷанд, шаш корманди масъули прокуратураи вилояти Суғдро аз вазифа озод кард.
Дар миёни онҳое, ки бо фармони додситони кулли Тоҷикистон аз вазифа барканор шудаанд, прокурори назорати маҳбасҳои вилояти Суғд Завқибек Шарифзода, як муовини ӯ, сардори Шуъбаи назорати маҳбасҳои прокуратураи вилояти Суғд Маъмур Аъзамзода ва се прокурори ҳамин шуъба мебошанд. Дар ин бора 6-уми декабр ду манбаи огоҳ аз ҷараёни таҳқиқ хабар додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ