Боздошти домоди президент

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки Миндӣ Гогочурӣ, домоди президенти кунунии ин кишвар Георгий Маргвелашвилӣ дар шаҳри Тифлис боздошт шудааст. Телевизионҳои Гурҷистон наворҳои боздоштро нашр карданд.

Мақомоти Гурҷистон хабар медиҳанд, Гогочурӣ ҳамроҳ бо як каси дигар бо насаби Размазде дар хонаи иҷорае дар канори Тифлис боздошт шудааст. Размазде бо айби расонидани зарари ҷисмонӣ дар кофтукоб буд.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии он кишвар, Размазде ва Гогочурӣ ҳангоми боздошт ду тапончаеро, ки ба онҳо тааллуқ дошт, аз айвон ба берун партофтанд. Пулис ҳамчунин аз манзили иҷораи ин ду тан зиреҳ пайдо кард.

Ин бори аввал нест, ки ному насаби домоди президенти амалкунандаи Гурҷистон дар хабарҳои ҷиноӣ зикр мешавад. Пештар аз ин дар Тифлис ду маротиба ба вай ҳамла сурат гирифт.

Ҳамзамон Гогочурӣ дар доираи як парвандаи хариду фурӯши маводи мухаддир гумонбар мешуд.

Муҳлати президентии Маргвелашвилӣ ба охир мерасад. Саломе Зурабишвилӣ, ки охири моҳи ноябр дар даври дувуми интихобот пирӯз шуд, баъди адои савганд роҳбарии Гурҷистонро ба даст мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *