Пул канӣ,Мирзобаротов?
7023 нафар нафақахурон нафақаи моҳи февралро нагирифтаанд.
Тавре хабарнигори pressa.tj аз Муминобод хабар медиҳад, аз замоне, ки Тоҷиддин Мирзобаротов сардори Раёсати молияи ин ноҳия таъин гардидааст, қарздории маошу нафақа пайдо шудааст. Ҳоло ин қарзҳо то 15 март ба зиёда аз 4 миллион сомонӣ расидааст. То ин рӯз кормандони идораи коммуналии ноҳия маоши моҳҳои январу феврал, ва 80 идораю муассисаҳои дигар маоши моҳи феврал, 7023 нафар нафақахурон нафақаи моҳи февралро нагирифтаанд. Баъди он, ки овозаи додани нафақа баромад, мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба назди 2 банкомати «Амонатбонк»-и ноҳия омаданд. Вале ду рӯз боз ин банкоматҳо пули нақд надоранд. Яъне байни идораи нафақаю бонкҳо ҳамкорӣ нест. Панҷ- шаш моҳи охир гирифтани маошу нафақа то 18-25 рӯз кашол меёбад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ