Пулчинаки хуҷандӣ “аппарати пулбарорӣ надорад…”
Субҳи 21апрели соли ҷорӣ бо ҳамроҳии падар ва модарам қарор додем, ки барои харид кардани лавозимоти хона ба бозори “Сомон” раҳсипор гардем. Ҳаво хеле гарм ва тоқатфарсо буд. Аз маҳаллаи 27 то гардиши микроноҳияи 28 пиёда рафта, сипас аз он ҷо ба хатсайри № 80 нишастем. «Болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин дохили хатсайри мазкур ҷои нишастан набуд. Бо азоб худро то бозори «Сомон» расонидем. Аз бозор баромада, ба сӯи истгоҳ равона гардидем. Хостем бо хатсайри № 116, ки тариқи маҳаллаи 27 мегузашт, то маҳалла бирасем. Баъди интизории тӯлонӣ хатсайри №116 аз самти Ғафуров омад. Мошин аз мусофирон пур буд ва мо хостем мошини ояндаро интизор шавем. Аммо пулчинак-кондуктор моро зӯран ба тарафи микроавтобус мебурд. Аз берун медидам, ки дар дохили хатсайри мазкур ду-се нафар пиразанҳои синну солашон аз 70-75 гузашта низ буданд ва яке аз онҳо арақи ҷабинашро бо рӯймолчааш пок карда, аз ронанда хоҳиш мекард, ки зудтар ба роҳ барояд.
Ба мушоҳидаи ин кор андармон будам, ки кассир: «Битон, ако, то Панҷшанбея 1 сомон, мана ҷош ҳай, дароитон ҳози а раҳ холӣ мешад, мана 1 сомон, 1 сомон, бурафтосим» гуфта моро маҷбуран ба хатсайр ҷо кард. Падарам роҳкироро дароз карданд ва пас аз чанд дақиқа бақия талаб карданд. Кассир гӯё аз чизе ҳаросида бошад, якбора рӯяшро ба тарафи ӯ гардонд ва бо овози баланд:
-Чӣ хели здачи, ако, бо 60 дирам метид, мо аппарати пулбурор не — ку- гуфта хандаи тамасхуромезе кард. Зани миёнсоле, ки дар қафо нишаста буд, аз кассир бақия пурсид. Аммо суханаш дар ҳаво монд. Чунки кассир ба ин зан ва боз чанд мусофири дигар ваъдаи то бозори Панҷшанбе як сомонӣ бурданро дода буд. Такрор ба такрор бақия пурсидани падарам ронанда ва «телех»-и ӯ танҳо бо тамасхур ҷавоб медоданд. Баъд аз таҳдиди падарам дар мавриди шикоят аз болои онҳо дар ҷавоб масхараомез механдиданд. Ронанда: «Ин хел даҳанкалоно мӯл, дида гаштим мо, нависид навистан гирид»-гуфт. Падарам дигар бо «булбулак»-у «телех»-и он сарбасар шудан нахост. Танҳо рақами хатсайрро гирифтем, ки он 6519 сн 02 буд ва дар ҷилаваш ронандаи “соҳибзавқ” Р. Саидалиев буд. Акнун умед ба масъулини бахши нақлиёти ш. Хуҷанд. Агар онҳо мисли ронандаҳояшон “худам шоҳу табъам вазир” нагӯянд, ягон натиҷаи чашмрасро интизор шудан мумкин. Вагарна…
Ардашер Келдиёров
донишҷӯи ДДХ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ