Хизматгурезон, то тирамоҳ нафаси осуда кашед!

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ хабар дод. 

Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, нақшаи даъват рӯзи 27 май 100% иҷро гардид. Ба иттилои манбаъ, нахуст чор навоҳи пойтахт нақшаи даъватро иҷро карданд. Баъдан вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд аз иҷро нақша хабар доданд. Аз ҳама охир навоҳии тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуданд.

Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 1 апрел шурӯъ гардид ва 31 май ба анҷом мерасад. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон, ки 15 марти соли равон содир шуд, дар даъвати баҳории соли 2017 ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999-ро дар бар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *