Пули таъмири боғча. Ба Сарраёсати маориф шикоят кунед!
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе талаби маблағ барои таъмири боғчаро ғайриқонунӣ хонд. Ин ниҳод эълон кард, ки дар сурати аз тарафи мудири боғча ё мураббӣ талаб кардани маблағи таъмир волидайн метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳр шикоят кунанд.
Масъули Сарраёсати маорифи пойтахт ин суханонро дар посух ба изҳори назари корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” иброз намуд.
Чанде пеш нафаре аз корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” навишт, ки аз пайвандонаш барои таъмири боғча 50 сомонӣ талаб кардаанд. Ҳамин тавр, ин баҳс доғ шуд ва чандин корбари дигар дар шарҳи ин навишта даъво карданд, ки барои таъмири боғча дар солҳои гуногун маблағ пардохтаанд.
Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар посух гуфт, ки талаби маблағ аз ҷониби мудирон ва мураббиёни боғча барои таъмир ва дигар корҳои ободонӣ аз волидайн ғайриқонунӣ аст.
Ӯ ҳамчунин, барои тамос рақамҳои зеринро гузошт:
Тел.: 221 30 92
WhatsApp: 002204040
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ