Резаахбор: Аз Рӯзи миллии дав то нишони заррини Муҳаммад

21-уми май дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ Рӯзи миллии дав баргузор мешавад. Дав дар пойтахт соати 7:30 аз буриши хиёбони Карамова-Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуда, то Наврӯзгоҳ идома мекунад. Ҳамчунин, пеш аз оғози ин дав пойгаи дучархаронҳо низ баргузор хоҳад шуд.

***

Дар Давҳаи қатар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо идома дорад. Дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат доранд. Эмомалии Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидабуроров (ҳарду -66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ба даврҳои дигар роҳ наёфтанд. Дар идомаи мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев (ҳарду -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) набард хоҳанд кард.

***

Дар рӯзи 9-уми Чемпионати бокси ҷаҳон дар Тошканд 2 муштзани тоҷик Меҳроҷ Зоидов ва Некрӯз Салимов баромад карданд. Меҳроҷ Зоидов (54 кг) дар даври аввал хуб баромад кард, аммо дар даври дуюм мағлуб шуд. Некрӯз Салимов (75 кг), ки бо мағлуб кардани Мдахома Муҳаммад ва Давид Тшама ба даври сеюм роҳ ёфта буд, дар даври ҳаштякниҳоӣ муқобили Аран Каҷоши аз Албания бо ҳисоби 5 бар 0 бо қарори якдилонаи доварон музаффарият ба даст овард. Ҳамакнун, дар даври чаҳорякниҳоӣ Некрӯз Салимов муқобили Фендеро Морено аз Фаронса нерӯсанҷӣ мекунад.

***

Навраси тоҷик Муҳаммад Соҳибзода зери вазни 42 кг дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam AJP Ture дар намуди ҷиу-ҷитсу барандаи нишони заррини мусобиқа гардид. Дар ин мусобиқа навраси тоҷик бо мағлуб кардани ду намояндаи кишвари мизбон ба гирифтани нишони тилло даст ёфт. Ин аввалин нишони заррини Муҳаммад дар ин мусобиқа маҳсуб мешавад. Муҳаммад Соҳибзода омодагиҳояшро барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу идома медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *