Пулис либоси нав мепӯшад

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ваъда дод, ки сар аз соли 2019 бо ҷомеа робитаи мустақим барқарор мекунад ва кормандони ин ниҳодро либоси нав мепӯшонад.

«Ислоҳот сурат мегирад. Мудернсозӣ мешавад. Дар ҳамаи шуъбаҳои ноҳиявӣ, раёсатҳои вилоятӣ мушовирони мо фаъолият доранд», — хабар дод Алмос Садубоев, сухангӯи вазорати дохилии Қазоқистон. Ба гуфтаи Садубоев, 70 дарсади аҳолӣ ба пулис барои гирифтани машварат дар мавриди дарёфти шиноснома ё ҳуҷҷати ронандагӣ муроҷиат мекунанд. «Танҳо 30 дарсад бо ариза ба мо муроҷиат менамоянд. Аз ҳама муҳим ин барқарории робита бо аҳолӣ аст», — гуфт вай.

Баъди куштори варзишкор Денис Тен дар тобистони соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон сокинони ин кишвар ба ислоҳоти пулис даъват карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *