Пурсиш аз бонувон: Дар рӯзи ид чӣ туҳфа гирифтед? (видео)
Бонувони Душанбе дар рӯзи идашон 8-уми март туҳфаҳои зиёд гирифтаанд. Яке гул, дигаре пул, сеюм, тило чаҳорум, торт ва панҷум, ангуштарӣ.
Дар тамоми дунё 8-уми мартро мардҳо ҳамчун рӯзи тақдими туҳфа ба занҳо қабул кардаанд ва ин ба хотирест, ки имрӯзро ҷомеа Рӯзи байналмилалии занҳо қабул кардааст.
Дар рӯзи 8-ум яке ба модар, дигаре ба ҳамсар, сеюм, ба ҳамкор, чаҳорум, ба дилдода ва панҷуму шашум, ба ҳамкурсу ҳамсинфашон мувофиқи табъу завқ ё шароит тӯҳфа мекунанд.
Хабарнигорони Pressa.tj ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд ва аз роҳгузарон, хусусан аз бонувон дар мавриди чӣ туҳфа гирифтанашон пурсиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ