Путин ба Амири Қатар чӣ гуфт?

Владимир Путин, президенти Русия аз амири Қатар Тамим бин Ҳамад Ал Танӣ даъват кард, ки барои ҳалли буҳрони Халиҷи Форс аз муколамаи дипломатӣ кор бигирад.
Дар гуфтугӯи телефонӣ Путин ҳамзамон мавзуи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Русияву Қатарро баррасӣ кард.

Пештар аз ин котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон низ кишварҳои арабиро ба муколама даъват карда буд. Ба гуфтаи Тиллерсон, муҳосираи Қатарро бояд гирди мизи гуфтугӯ ҳал кард. Президенти ИМА Доналд Трамп дар навбати худ гуфт, инзивои Қатар билохира «ба анҷоми даҳшати терроризм оғоз мебахшад».

5 июн Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Ливия муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд. Ба гуфтаи роҳбарони арабӣ, Қатар аз тундгароён ва Эрон пуштибонӣ мекунад. Мақомоти Қатар қатъи робитаҳои дипломатиро бемаврид ва пуштибонӣ аз терроризмро — беасос номиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *