Дастгиршавии қаллобон

Бино ба иттилои ВКД зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, соли 2014 ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 15 ҳазору 500 доллари амрикоӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин гирифта, то ҳол на ваъдаашро иҷро кардаасту, на маблағашро баргардонидааст.

Ҳамчунин, ҳангоми як чорабинии оперативии дигар марди 51-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов барои амалҳои қаллобиаш дастгир гардид. Гумонбаршуда, 20-уми августи соли 2014, аз нафақахӯр, марди 64-солаи сокини шаҳри Конибодом як адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро ба маблағи 32 ҳазору 320 сомонӣ савдо карда, инчунин 5 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол бозпас нагардонидааст.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 28-уми сентябри соли 2015, зани 57-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоишро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин, ба ин монанд ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе шикоят бурдааст, ки моҳи декабри соли 2014 марди 43-солаи сокини пойтахт 16 ҳазор доллари амрикоиашро қарз гуён гирифта, то инҷониб барнамегардонад.
Аз рӯи далелҳои қаллобӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *