Путин ба ошӯбгарон: Хатои марговару фоҷиабор содир накунед! (видео)
Шӯриши мусаллаҳонае, ки онро сардори ШХҲ «Вагнер» Евгений Пригожин ташкил кард, натиҷаи «амбитсияе» мебошад, ки ба хиёнат оварда расонд.
Президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони Федератсияи Русия ва низомиён, инчунин ба онҳое, ки “бо фиреб ё таҳдид ба авантюраи ҷиноятӣ кашида шуда, ба роҳи ҷинояти вазнин тела дода шудаанд”, вазъро ҳамин гуна шарҳ дод.
Президент аз ошӯбгарон даъват кард, ки «хатои марговар ва фоҷиабор содир накунанд, ягона интихоби дурустро пеша намоянд, яъне аз ширкат дар амалҳои ҷиноятӣ даст кашанд». Путин гуфт, ки мақомот ба ҳодисаҳои рухдода вокуниши шадид нишон хоҳад дод.
Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Евгений Пригожин сарвари ШХҲ (Ширкати ҳарбии хусусӣ) “Вагнер” изҳор кардааст, ки амали ӯ табаддулоти ҳарбӣ не, балки амалиёти адолатхоҳист. Шумораи тарафдорони худро 25 ҳазор медонад. Мувофиқи баъзе ахборот, ки саҳеҳии онро pressa.tj наметавонад тасдиқ кунад, гӯё Пригожин шаҳрҳои Ростови лаби Дон ва Воронежро забт карда бошад. Бори дигар таъкид менамоем, ки расман касе дурустии ин санадро тасдиқ намекунад.
Мувофиқи изҳороти Хадамоти Федералии Бехатарӣ (ФСБ) муқобили Пригожин бо моддаи 279-и Кодекси ҷиноятӣ (ташкили ошӯби мусаллаҳона) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва ба ӯ даъват пеш оварда шудааст, ки амалиёти ҳарбиро қатъ кунад. Амалиёти Пригожин даъват ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия аст.
Аз рӯи маълумоти “Фонтанки” ҳоло Евгений Пригожин дар Петербург қарор дорад.
Тибқи изҳороти Собянин, дар Москва амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида мешавад.
Зери таъсири ин ҳодисот ҳоло нархи 1 доллар ба 94.77 расидааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки зери амалиёти “Креполт” дар Ростови лаби Дон объектҳои муҳим таҳти назорат гирифта шудаанд.
Ҳоло хиёбонҳои ин шаҳр пур аз ҳарбиён аст.
“ТАСС” тезисҳои асосии муроҷиатномаи президентро гирд овардааст:
— Қӯшунҳои Русия ҳозир ба муқобили «неонатсистҳо ва хоҷагони онҳо» мубориза бурда истодаанд. Муқобили Федератсияи Россия «амалан тамоми машинаҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии Ғарб нигаронида шудааст».
— Кишвар «барои ҳаёт ва амнияти халқи мо, барои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти мо, барои ҳуқуқӣ будан ва мондани Россия — давлати дорои таърихи ҳазорсола» мубориза мебарад.
— «Тақдири» халқи рус «ҳал карда мешавад» ва аз ин рӯ, «ҳамаи он чизе, ки заиф месозад, бояд як тараф партофта шавад», аз он ҷумла моҷароҳое, ки душманон истифода мебаранд.
— Ташкилкунандагони шӯриш Россияро “ба анархия ва бародаркушӣ” тела медиҳанд.
— Вокуниш сахт мешавад, исёнгарон ҷазо хоҳанд гирифт. Мо ҳам халқамон ва ҳам давлатдории худро аз ҳар гуна таҳдидҳо ҳифз хоҳем кард. Аз ҷумла аз хиёнати дохилӣ.
— Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар идораҳои давлатӣ фармонҳои зарурӣ гирифтанд.
— Дар Москва ва як қатор дигар вилоятҳо «тадбирҳои иловагии дорои характери зиддитеррористӣ» ҷорӣ карда шуданд.
— Барои ба эътидол овардани вазъият дар Ростови лаби Дон низ чораҳои қатъӣ дида мешаванд.
— Онҳое, ки ба муқобили рафиқони худ яроқ бардоштанд, ба Россия хиёнат карданд ва барои ин ҷавоб хоҳанд дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ