КҲФ: Ҳаво ғуборолуд мешавад, эҳтиёт бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 27-уми июни соли равон дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шамоли пуршиддат дар назар дошта шудааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки бод дар ин минтақаҳои ёдшуда дар сония 15-20 метр хоҳад вазид. Ва дар натиҷа эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбориш вуҷуд дорад.

— Рӯзҳои 24-25-уми июн дар навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари омили метеорологӣ (чангу хоке, ки ба қаламрави кишвар аз самти ҷанубу ғарб ворид мешавад) ҳаво ғуборолуд мешавад,- меафзояд манбаъ.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳиву наздикуҳӣ, рафтан ба куҳу пуштаҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва гиёҳҳои дорувор, чорвочаронӣ ва ғайра қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *