Путин барои тамдиди истироҳат қарор баровард

Дар Русия рӯзҳои таътил дар робита ба бештар  паҳн шудани коронавирус  тамдид карда шудааст.

Бино бар қарори Владимир Путин, рӯзҳои таътил то 11 май идома меёбанд. Президент қайд кард, ки рӯзҳои 6,7 ва 8 май низ дар Русия рӯзҳои истироҳат хоҳад буд.

Президенти Русия Владимир Путин гуфт,  оғоз аз 12 май кишвар марҳила ба марҳила аз карантин хоҳад баромад.

«Хатар дар ҳамаи минтақаҳо яквақт гум намешавад. Ва намешавад, дар ҳамаи минтақаҳо карантинро манъ кард. Аз 12 май марҳила ба марҳила карантин манъ мешавад», — гуфт Владимир Путин зимни ҷаласаи видеоӣ бо губернаторҳо.

Аз рӯи омори охир, дар Русия беш аз 93,5 ҳазор кас мубталои коронавирус шудааст. Табибон тавонистаанд, ки  8,5 ҳазор беморро шифо бахшанд. Аммо   867 нафар ҷон бохтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *