Дезинфексия дар Хуҷанд. Ҳушдори мақомот: Калонсолон ба берун набароед!

Шаби  28-уми апрел бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонӣ  гузаронида шудааст.

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки   поккорӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби техникаҳои муосири соҳавӣ ва хадамоти оташнишонии вилоят сурат гирифт. “Тамизгардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Гагарин, Истиқлол, Раҳим Ҷалил Рифъат Ҳоҷиев Аминҷон Расулов, Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Гагарин ва ғайраҳо роҳандозӣ амалӣ гардид”-гуфт номбурда.

Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти мазкур дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешаванд.

Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ минбаъд низ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр роҳандозӣ мегардад.

Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом ёфта, роҳҳои мошингарди шаҳр асосан шабона безарар гардонида мешаванд. Он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳушдор медиҳад, бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд. Ашхоси аз сини 60 боло бидуни зарурат набояд аз хонаҳояшн бароянд.

Поккорӣ дар кучаҳои шаҳри Хуҷанд (28.04.2020

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *