Путин бо Раҳмон дидор мекунад
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА) дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар ин бора Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия ба хабарнигорон иттило додааст.
Нишасти сарони кишварҳои узви СВМДА рӯзҳои 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуда ва дар он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Ушаков, дар назар аст дар дидори раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили муҳими минтақавӣ баррасӣ шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ