Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст дубора ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад.Ба ин манзур ҳукумат 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст дубора ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад.Ба ин манзур ҳукумат 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.

Дар соли 2009 Тоҷикистон аз ин система хориҷ шуда буд.

Дар сурати пайвасти Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ин кишвар метавонад дар фасли тобистон неруи барқи изофиашро ба Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари минтақа фурӯшад.

Маблағи умумии тарҳи пайвастани Тоҷикистон ба ин система 40 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 35 миллиони он аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ҳамчун кумаки билоиваз ҷудо шудааст. Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 5 миллион доллар аст.

Феълан Тоҷикистон ба ду кишвар-Ӯзбекистон ва Афғонистон мутаносибан дар як шабонарӯз ба миқдори 6,5 миллион ва 4,2 миллион киловат-соат неруи барқ содир мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *