Путин дархости «Гургҳои шаб» ро рад кард
Кремл аз соли 2012 инҷониб, бори нахуст аз додани грантҳои президентӣ ба мототсиклронони клуби «Гургҳои шаб» худдорӣ кард. Дар ин бора нашрияи «Коммерсант» иттилоъ дод.
Мототсиклронони «Гургҳои шаб» барои дарёфти маблағ аз будҷаи давлати Русия се дархост фиристоданд, вале дутоаш ба далели мувофиқат накардан ба шартҳои озмун рад шуд. Яке аз дархостҳои дигар низ барои баргузории «Арчаи солинавии кӯдакона дар маркази Дучарха» нагузашт.
«Гургҳои шаб» хостанд, ки барои онҳо ҷамъан беш аз 15 миллион рубли русӣ ҷудо шавад. Раҳбарии Кумитаи ҳамоҳангсозиро, ки дархост ба грантҳоро баррасӣ мекунад, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Русия Сергей Кириенко ба зимма дорад.
Раҳбари клуби «Гургҳои шабгард» Александр Золдостанов (бо лақаби «Ҷарроҳ») яке аз раҳбарони ҳаракати рӯ ба Кремл — «Антимайдон» шумурда мешавад. Аз соли 2012 инҷониб мототсиклронон аз будҷаи президент Владимир Путин 60 миллион рубли русӣ гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ