Кашолкории «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе-Тошканд

Худоёр  Худоёрзода, вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод  дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе   гуфт, ки  аз 17 лоиҳаи сармоягузорӣ 14 лоиҳа  мутааллиқ ба роҳҳои мошингарди кишвар ба маблағи  беш аз 803 миллион доллари амрикоӣ, ки беш аз 96 фоиз  ё 773,6 миллион доллари маблағҳои лоиҳавиро  ташкил медиҳанд.

Алҳол  корҳои сохтмонӣ  дар лоиҳаҳои сармоягузории   таҷдиди  роҳҳои мошингарди  Хуҷанд-Исфара, Душанбе-Турсунзода  ё қитъаи роҳ аз муҷассамаи  Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе ва корҳои  омодагӣ ба  таҷдиди роҳи мошингарди  Душанбе –Қӯрғонтеппа  босуръат идома доранд.

Ҳамзамон  вазир афзуд, ки  иҷрои корҳо дар лоиҳаҳои  бунёди роҳи автомобилгарди  Кӯлоб –Қалъаихумб, қитъаи Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон  ва роҳи мошингарди  Восеъ – Ховалинг дар арафаи анҷомёбианд.

Худоёр  Худоёрзода инчунин дар бораи вазъи фаълияти хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд изҳори андеша кард. Ба гуфти ӯ алҳол дар ин хатсайр тайёраи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар давоми ҳафта  танҳо рӯзи сешанбе мусофир мекашонад. Ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон бошад, ҳоло ба ин кор омода нест.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *