Путин кушандагони сафирро ошкор мекунад
Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, Москва бояд бидонад, ки пушти куштори Андрей Карлов, сафири ин кишвар дар Туркия кӣ меистад.
Президенти Русия афзудааст, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, намояндагони кишвараш барои иштирок дар раванди тафтишот озими Анқара хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, Путин дар суҳбат бо раҳбарони Вазорати умури хориҷӣ, хадамоти ҷосусии хориҷӣ ва амнияти миллии кишвараш қатли дипломатро ҳангомае хондааст, ки барои халал ворид кардан ба ҳалли низои Сурия равона шудааст.
Қаблан Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия дар суҳбат бо телевизиони «Россия 24» гуфт, Москва куштори сафирро ҳамлаи террористӣ медонад. Мақомоти турк тасдиқ мекунанд, ки қотили сафир қаблан дар пулиси вижаи Анқара кор мекард. Вай баъди ҳамла ба дипломат кушта шудааст.
Андрей Карлов дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона дар намоишгоҳи аксҳо бо номи «Русия аз чашми сайёҳ: Аз Калининград то Камчатка”, ки дар Анқара баргузор мешуд, захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Дар ин ҳамла ҳамчунин се тани дигар ҷароҳати сабук бардоштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ