Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ янга хоҳаршӯйро кушт

Тафсилоти пурраро аз ҷои ҳодиса хабарнигоамон муяан намуд!
Садои «Во духтарам» дилҳоро шикоф мекард. Модаре, ки гоҳ аз худ мерафт ва гоҳ ба худ меомад, аз доду фиғони зиёд ашки чашмаш низ падидор набуд. Ҳар замон бо фиғон мегуфт:

-Муборакҷон, ман хароҷот карда арӯс наоварда будаам. Гулсараи девсиратро чун қотили ту ба хона овардаам. Ҳайфи чеҳраи дилкашу ҳайфи қаду басти базебат. Ҳайфи кокулони зебоят. Туро аз куҷо ёбам, духтараки нозпарварам.

Муборакҷон биё, ҳоли маро бин,

Ки дар ёдат парешонам, парешон.

Ту рафтию шикастӣ қоматамро,

Ману кунҷи ғаму ин чашми гирён.

Амаки Раҷаббою холаи Назира ду сол пеш Гулсара ном ҳамдеҳаи хешро, ки бо онҳо пайвандӣ дошт, ба умед арӯс интихоб карда бо тӯю тамошо ва базми осмонкаф ба хона оварданд.

Келин чандон зебо набошад ҳам, аҳли хонадони амаки Раҷаббой хурсанд буданд, ки аз пайвандони худашон арӯс оварданд. Гулсара аз рӯзи нахустини келин шуда омаданаш, хоҳари шавҳараш Муборакбонуро бад дид. Чашмаш ба чашми хоҳарарӯсаш афтад, худро ноҳинҷор ҳис мекард.

Ҳамагӣ як моҳ пеш дар маъракае дар деҳаи Фатмев иштирок доштам. Он рӯз Муборак бо лабони пур аз табассум хеле бо шавқ мерақсид. Аз рақсидан монда намешуд, гӯё медониста бошад, ки охирин рӯзи хурсандии ӯст, мерақсиду мерақсид… Падару модар ният доштанд, ки ибтидои соли 2017 Муборакро ба хонаи бахташ гусел намоянд, вале… Модари ҷигарсӯхта ҳамоно менолид:

«Арӯси ба мақсад нарасидаам, хонаи бахтатро надида рафтӣ. Шоҳдухтари ноумедам, ҳоло вақти марги ту набуд. Эй кош, Гулсара сангро ба сари ту неву ба сари ман мезад”.

Рӯзи 18-уми ноябри соли равон Амаки Раҷаббой барои фотеҳахонӣ ба хонаи бародари ҳамсараш меравад. Дар рӯзи ҷумъа аз дуру наздик аз рӯйи таомули деҳа меҳмонҳо меоянд. Онҳо меҳмонҳоро қабулу гусел мекунанд.

Баъди чанде холаи Назира низ роҳи хонаи бародарашро пеш мегирад. Падару модар хабар надоштанд, ки майдонро барои қотил холӣ менамоянд. Холаи Назира ба Гулсараю Муборак супориш медиҳад, ки хазонҳоро ҷамъ намоянд ва баромада мераваду янгаи золим ва хоҳарарӯси шаҳид ба боғ мефароянд. Гулсара аз фурсат истифода бурда нақшаи пешакӣ кашидаашро амалӣ намудан мехоҳад ва  бо мақсади ба дом афкандани хоҳаршӯяш мегӯяд:

-Муборакҷон, зуд ба назди ман биё!

Муборак даст афшонда ҷавоб медиҳад?

-Дар назди ту ман чӣ кор мекунам?

-Тез биё, ман дар ин ҷарӣ як чизи аҷоиберо дида истодаам, ту ҳам бин…

Муборак баробари шунидани ин сухан ба лаби ҷарӣ меояд ва аз қисмати худ бехабар каме хам мешавад.

Гулсара аз фурсати муносиб истифода бурда, ӯро аз ҷарии даҳметра ба поён тела медиҳад ва ба поён ғелида рафтани Муборакро дида зери лаб табассум мекунад.

Чун мебинад, ки баъди ба поён афтодан низ хоҳаршӯяш меҷунбад, зуд бо роҳи дигар ба поён мефарояд.

Муборак мебинад, ки қотил сӯяш мешитобад, бо ҳарос аз ҷояш бархоста ба янгааш мегӯяд:

-Янгаҷон, ман ягон сирру асрори туро ба бародараму волидайнам намегӯям. Баъд аз ин ягон гапатро ду накарда иҷро менамоям. Ба Худо ва Қуръон қасам мехӯрам, ки ҳодисаи аз ҷар ба поён ҳавола карданатро низ ба касе намегӯям…

Гулсара, ки пеши чашмашро хун гирифта буд, ба миёни гапи хоҳаршӯяш лагад зада мегӯяд:

-Не, имрӯз охирин рӯзи ҳаёти туст.

Пардаи ашк пеши чашмони Мубораки захминро маҳкам мекард. Духтарак умри бисту сесолаи хешро пеши назар оварда, Худоро зорӣ мекард, ки модараш расида биёянду ӯро аз чанги ин золим наҷот диҳанд, аммо…

Янгаи золим на ба зориаш гӯш медоду на ашки чашми Муборакро медид. Вай башаст сангеро аз замин бардошта ба фарқи сари хоҳарарӯсаш зад. Муборак, ки бар асари аз ҷарӣ афтидан сахт захмин шуда буд ва ба  зӯр ба по рост  меистод, дубора ба замин афтид ва аз ҷойи кафидаи сараш хун фаввора зад. Янгаи золим ба ин ҳам иктифо накард ва чандин сангин дигареро ба сари хоҳаршӯи бемуттакояш бардошта зад.

Оқибат чун Муборак забон газиду мағзи сараш дар замин пош хӯрд, Гулсараи қотил қаноатмандона дар болои сари ӯ нишаста ба андеша рафт. Вай мехост ҷасадро ба дарёи Зарафшон андозаду якбора халос шавад. Бо ҳамин мақсад аз ду дасти ҷасад гирифту мурдаро масофаи 100-150 метр кашола кард, вале ногоҳ ба сараш андешае омад, ки рӯзона ҷасадро ба дарё партояд, касе диданаш мумкин аст. Ҷасадро монда ба хона баргашту халтаеро овард ва мурдаи хоҳаршӯяшро пинҳон намуда ба хона баргашт. Падарарӯсаш аз меҳмонӣ баргашта Муборакро пурсид. Гулсараи маккора дарҳол баҳона ёфта гуфт:

-Муборак барои овардани фиттаи тӯй ба хонаи фалонӣ рафт.

Амаки Раҷаббой вузуъ намуду ба намози ҷумъа раҳсипор шуд.

Ҳамин вақт холаи Назира аз дар даромад ва духтарашро надида парешон шуд.

-Муборак дар куҷост?-пурсид аз келин.

Гулсара ба ситеза ҷавоб дод:

-Ҳозир шавҳаратон пурсиданд, гуфтам-ку вай барои овардани фитта рафта буд. Меомадагист…

Келину хушдоман хӯрок хӯрданд, вале дили модарро ҳамоно гургон тела мекарданд. Чун шавҳараш аз намози ҷумъа баргашту Муборак пайдо нашуд, модар беқарортар шуда, бо шубҳа саропои Гулсараро синча карда гуфт:

-Аниқашро гӯй, ки Муборак куҷост? Ё боз ҷанг кардеду ӯ ароз кард?

Гулсара асабиёна гуфт:

-Мо барои чӣ ҷанг мекардаем. Ҳурмати Худо ва Қуръон қасам, ки дар куҷо будани ӯро намедонам.

Холаи Назира мисли мурғи посӯхта ба назди муллои деҳа давид ва тақдири духтарашро пурсон шуд. Мулло андешамандона гуфт:

-Ман фолбин нестам. Рафта ҷустуҷӯ кунед, шояд дар байни як ё зиёдаш ду соат ӯро дарёбед.

Хабари гум шудани Муборак дар ин миён ба гӯши апаю язнааш расид ва онҳо осемасар ба хона омаданд. Холаи Назира бо домодаш Соатмурод ба лаби ҷарӣ рафтанд ва дар чанд ҷо нишони хунро мушоҳида намуданд. Онҳо аз пайи ин доғҳои хунин ба поён фаромада, баъди чанде мурдаи хунукшудаи Муборакро ёфтанд.

Аввал гумон карданд, ки Муборак тасодуфан аз ҷарӣ афтодааст, вале бо халта пӯшондани рӯйи ҷасад онҳоро ба ҳайрат овард.

Модар баробари дидани ҷасади духтараш аз ҳуш рафта ба замин афтид, «Арӯс»-и дилсӯз зуд об оварда ба рӯйи хушдоманаш пошид ва чунон зор-зор ба гиря даромад, ки дили ҳама ҳозирон об шуд.

Халтаи болои ҷасад боиси он гашт, ки пайвандони Мубораки ғурамарг ба идораҳои танобкаш занг заданд. Тақрибан соатҳои 16-и рӯз гурӯҳи калони милисаҳо ба деҳаи Фатмев расиданд.

«Арӯс» ҳам мегирист ва ҳам барои гӯру чӯб кардани хоҳарарӯси бечорааш хамир шӯрида, ҳавлию ҳарамро тоза мекард ва гоҳ-гоҳ гунаҳкорона ба сӯи одамон менигарист.

Бечора амаки Раҷаббой ва холаи Назира ба тақдири хеш тан дода аз милисаҳо хоҳиш мекарданд, ки раванд, чунки онҳо нисбати касе даъво надоранд ва аз касе ҳам гумонбар нестанд.

Шаб милисаҳо хонаи мурдадорро тарк намуданд, вале баъди рафтани онҳо бародари амаки Раҷаббой Муҳаммадзариф аз шаҳри Душанбе расида омад ва ҳолати корро аз забони дигарон шунида гуфт:

-Ман дар ин воқеа нишонаҳои кушторро мебинам ва то маълум шудани асли ҳодиса ба касе иҷозат намедиҳам, ки бародарзодаи шаҳиду ноумеди маро ба хок супорад!

Вай аз сари нав кормандони милисаро даъват намуд. Ба ҷои воқеа аз шаҳри Панҷакент духтури патологоанатом (судмедэкспертиза) расида омад ва ҷасадро таҳқиқ карда, муайян намуд, ки марги Муборак марги маҷбурист.

Корманди ҷавони милиса Алишер Назаров, ки чандин ҷиноятро дар вақташ кушодааст, атрофро ҷустуҷӯ мекард.

Ҳангоми аз назди мурғхонаи соҳибхона гузаштан, маҳорати касбӣ ӯро водор намуд, ки дохили мурғхонаро низ бинад. Дар катаки мурғон пойафзол, рӯймол ва чанд чизи дигари ба мақтул тааллуқдоштаро пинҳон карда будаанд. Ин «бозёфт» Назаровро ба шубҳа овард ва ӯ  ба ду –се корманди милиса супориш дод, ки аз назди мурғхона дур нараванд, худаш бошад, ба назди ҷарӣ рафта ҷои содир шудани ҷиноятро дубора аз назар гузаронда, аз амаки Раҷаббой пурсид:

-Ҳангоми ба хонаи бародари ҳамсаратон рафтани шумо киҳо дар хона буданд?

-Ба ҷуз келинам каси дигар набуд,-ҷавоб дод соҳибхона.

Алишер Гулсараро ба хонаи алоҳида бурда пурсишро сар кард. Ин корманди таҷрибадори милиса дар ду-се дақиқа сирру асрори ҷинояткорро фош намуд.

Баъди чанде келини қотилро бо дастони баста аз хона бароварданд…

****

Падару модар то имрӯз дар азои Мубораки ғурамарг талх-талх мегирянд.

Дар як деҳаи куҳистони дурдаст ба вуқуъ омадани чунин воқеаи даҳшатангез касро ба андеша мебарад, ки наход зан то ин дараҷа бераҳм ва бе муруввату беандеша шавад…

 

Исмоил Зарифӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *