Путин меояд

Имрӯз 27 сентябр раисҷумҳури Русия Владимир Путин  дар Душанбе дар вохӯрии ғайрирасмӣ ширкат мекунад

  Раисҷумҳури Русия барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ ба Душанбе меояд. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар додааст.

«Чанд ҷаласаи корӣ  ва омодагиҳо ба нишасти сарони ИДМ ба нақша гирифта шудааст. Фардо бегоҳ раисҷумҳур аллакай дар Душанбе мешавад ва дар зиёфати ғайрирасмӣ ширкат мекунад. Пасфардо тамоми чорабиниҳои расмии нишаст баргузор мешаванд», — гуфт Песков.

Дар рафти нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе интизор меравад, ки намояндагии Туркманистонро дар кишварҳои ҳамсуд дар соли 2019 баррасӣ кунанд, хабар додааст дафтари матбуотии Кремл.

«Интизор меравад, ки дар ҳошияи нишаст  дар бораи намояндагии Туркманистон дар ИДМ дар соли 2019 қарор қабул карда шавад», — омадааст дар иттилоия.

Бино бар изҳороти расмии Кумитаи иҷроияи кишварҳои ҳамсуд, иштирокдорони нишасти сарони кишварҳои ИДМ масоили ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва масоили амниятиро баррасӣ мекунанд.

Афзун бар ин, сарони кишварҳо масоили якпорчасозӣ дар ҳошияи ташкилотро баррасӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *