Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро пешвоз гирифт

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари кишвари дӯсту ҳамсоя бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барои рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бобарору судманд хоҳад буд. Зимни ин сафар низ дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳо ҳолати кунунии равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дурнамои неки он муайяну мушаххас мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *