Путин обрӯяшро аз даст медиҳад
Пурсишҳои афкори умум нишон медиҳад, ки мизони бетафовутии сокинони Русия нисбат ба Владимир Путин дар якуним соли охир торафт бештар мешавад.
Чунин аст хулосаҳои маркази назарсанҷии «Левада центр», ки хулосаҳои онро оҷонсии РБК нашр кардааст. Ҷомеашиносон мегӯянд, ки шумори тарафдорони Путин аз 37 дар сади моҳи марти соли 2015 то 29 дар сад коҳиш ёфтааст. Раиси маркази афкори умуми «Левада Центр» Лев Гудков дар шарҳи натиҷаҳои пурсиш гуфт, ки сабаби коҳиши мизони маҳбубияти Путин дар муқоиса бо соли гузашта дар рӯҳафтодагии мардум аст, ки аз таҳримҳои иқтисодӣ ва ғасби нимҷазираи Қрим маншаъ мегирад. Дар гузашта ин омилҳо бо шарофати матбуоти давлатӣ бештар ҳамчун мояи ҳамраъйии бештари мардум бо раҳбари кишвар дониста мешуд.Ҳоло бошад, гуфт Гудков, бетафовутии мардум нисбати президент барҷастатар шудааст ва ин рӯҳия хоси режимҳои худкома аст. 17 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки Путин барои онҳо бетафовут аст ва ин нишондод дар тамоми муддати баргузории пурсишҳои афкори умум баландтарин будааст. То ин вақт танҳо моҳи декабри соли 2011, январи соли 2012 ва марти соли 2013 пурсиш нишон дод, ки дар пасманзари намоишҳои эътирозии мухолифони норозӣ аз тақаллубҳои интихоботӣ мизони бетафовутӣ ба Путин дар ҳоли афзудан будааст. Айни замон, муҳимтарин дастоварди Путин, аз назари ширкатдорони пурсиши афкори умум, дар тақвияти нирӯҳои мусаллаҳ ва мавқеи Русия дар ҷаҳон ва нокомиаш — дар мубориза бо фасод ва порагирӣ (29 дар сад), беҳтар кардани сифати зиндагии шаҳрвандон, даромад, маош ва нафақа (29 дар сад) ва рушди иқтисодӣ будааст.
Пурсиши мазкур моҳи июли соли ҷорӣ дар 48 минтақаи ин кишвар ва дар миёни 1600 сокини Русия анҷом шудааст. Таҳқиқоти мазкур ба муносибати 17-умин солгарди таъйини Путин ба мақоми нахуствазири Русия анҷом мешавад. 8 августи соли 1999 президенти вақт Борис Елтсин Владимир Путинро дар мақоми раиси ҳукумати Русия тасдиқ кард.
Баъдтар маълум шуд, ки бо таъйини Путин ба мақоми нахуствазирӣ, ҳадафи асосӣ омода кардани ӯ ба мақоми президентӣ дар декабри соли 1999 будааст. Елтсин он рӯз ба истеъфо рафт ва Путинро иҷрокунандаи вазифаи раҳбари кишвар таъйин кард. Аз он замон то имрӯз Путин дар мақоми аввалини кишвар боқӣ мемонад ва ҳатто дар замони нахуствазири кишвар буданаш дар солҳои 2008-2012, ки нақши президентро Дмитрий Медведев иҷро мекард, Путин таъинкунандаи аслии сиёсати дохиливу хориҷии Русия будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ