Путин раҳбарони Абхазия ва Сурияро бо Соли нав табрик накард

Имсол Владимир Путин рӯйихати кишварҳоеро, ки бо Соли нав ва Мавлуди Исо табрик мекунад, тағйир додааст.

Аз рӯйихат раҳбарони Абхазия ва Сурия хориҷ шуда, ба ҷойи онҳо раҳбарони Мянма, Кореяи Шимолӣ, Эфиопия ва Муғулистон шомил шудаанд.

Рӯйихат 26 давлатро фаро мегирад ва дар он асосан кишварҳои осиёӣ ва шарикони наздики Русия мебошанд. Дар рӯйихат, ки раҳбарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Чин, Туркия ва Сербия дохил шудаанд, номи Тоҷикистон низ зикр шудааст.

Ҳамчунин, Путин президенти нави ИМА Доналд Трамп ва раҳбарони Абхазияву Сурияро, ки соли гузашта дар рӯйхат буданд, табрик накардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *