Путин ва Мирзиёев бо Президенти Тоҷикистон машварат карданд

Вазъи имрӯзаи Қирғизистон ҳамсояҳои ӯро низ ором намегузорад ва онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳе набошад, барои паси сар намудани ин кризис ба шарики стартегии худ, узви ИДМ, СААД (ОДКБ) ва боз чандин созмонҳои байниминтақавӣ кумак расонанд.

Ба ин хотир, Президентҳои Ӯзбекистону Қазоқистон — Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев 7 октябр дар як суҳбати телефонӣ вазъ дар Қирғизистонро баррасӣ кардаанд. «Раҳбарони Ӯзбекистону Қазоқистон изҳори умедворӣ карданд, ки вазъ дар Қирғизистон бар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории ин кишвар базудӣ ба эътидол хоҳад омад», — иттилоъ додааст хадамоти матбуотии Президенти Қазоқистон. Тоқаев изҳор доштааст, ки «дар Қазоқистон тақвияти ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ бо Қирғизистони бародарро муҳим мешуморанд».

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ дар робита ба вазъи ахири Қирғизистон изҳоротеро нашр кардааст. «Дар Ӯзбекистон аз ҳаводиси ахир ва ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон сахт нигаронанд. Ӯзбекистон ҳамчун ҳамсояи наздик ва шарики стратегӣ умедвор аст, ки вазъ дар Қирғизистон тибқи Конститутсия ва қонунҳои он кишвар базудӣ ба эътидол хоҳад омад», — омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин қайд шуд, ки Ӯзбекистон омодааст, ба мардуми қирғиз ҳамаҷониба кумак намояд. Президенти Русия Владимир Путин низ дар суҳбат бо телевизиони «Росссия 1″ роҷеъ ба вазъи Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.»Чанде пеш интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. На танҳо нозирони байналмилалӣ, балки намояндагони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳам онро баргузоршуда ва демократӣ номиданд. Он чи ки баъди интихобот дар онҷо баргузор шуд, наметавонад моро нигарон насозад. Умедворем, ҳама чиз аз тариқи осоишта пушти сар мешавад. Умедворем, раванди сиёсии демократӣ ва муътадил барқарор хоҳад шуд. Бори дигар такрор мекунам, ки ин кор бояд ҳар чи зудтар анҷом шавад», — изҳор дошт Путин.

Ёдарс мешавем, ки чунин сӯҳбат байни президенти Ӯзбекистон Мирзиёев ва ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон як рӯз пеш сурат гирифта буд. Ҳамчунин, сари ин мавзӯъ президенти Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон машварат кардааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин суҳбатҳо дар алоҳидагӣ ва телефонӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои манбаъ, дар суҳбат бо Владимир Путин «атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба ташаннуҷи ташвишовари вазъ дар Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.»Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои сиёсӣ дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд.

Пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Қирғизистон боиси норозигии аҳзоби мухолифи ҳукумат шуд.Шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.айни замон дар Бишкек ва шаҳрҳои Ӯшу боз чанд минтақат дигари Қирғизистон гирдиҳамоиҳо идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *