ДДОТ ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 доир мегардад, истодааст. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва соҳибистиқлол ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонашро ҳифз ва таъмин намуда истода, тамоми имкониятҳоро барои рушд ва инкишофи ҷомеа ва кишвари азизамон истифода бурда истодааст.

Истиқлолияти давлатӣ олитарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар таърихи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, кафили эҳёи ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодии давлатдорӣ ба шумор меравад. Истиқлолияти Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки давлати тоҷиконро зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон шинохта, робитаҳои неки дипломатӣ барқарор созад. Сатҳ ва дараҷаи зиндагонии мардуми кишвари азизамон беҳтару хубтар шавад.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сулҳу субот,рушду инкишоф ва дастовардҳои азим ниҳоят бузург мебошад.   

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари ҲХДТ дар тӯли даҳсолаҳои охир бо барнома ва ҳадафҳои нишонраси хеш мардуми Тоҷикистонро ба сӯи қуллаҳои мурод рохнамоӣ менамояд. Ҳизб ҳадафҳои калидии хешро аз ормонҳои неку воқеии мардум интихоб намудааст. Воқеан ҳамаи он нақша ва чорабиниҳое, ки дар тӯли 29- соли Соҳибистиқлолӣ миллат ва давлат матраҳ намуда, дар татбиқи он кӯшидааст, ҳадафи ҲХДТ мебошад. Дар мадди назари давлат ва ҳукумат зиндагии шоистаи мардум дар ҷои аввал меистад.

Нақши Пешвои миллат дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар рушди иқтисоди кишвар, таҳкими низоми бонкӣ ва пули миллӣ, роҳнамои сиёсат хориҷӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ, рушди босуботи саноати кишвар, рушди маорифи мамлакат, тараққиёти илм, марҳилаи сифатан нави рушди фарҳанг, саломатии мардум, рушди меҳнат ва шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, такаммули забони давлатӣ ва даҳҳо дигар ҷабҳаҳоро метавон номбар намуд, бузург аст.

Имрӯз таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг,ҷавонон, занон ва варзиш корҳои зиёд ба сомон расонида шудааст.

Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон махсусан ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода шуда, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши бузург мебозанд.

Танҳо дар соли 2019 ба маблағи 500 млн сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла 32 муассиса бо 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 млн сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Дар соли 2020 сохтмони 181 муассисаҳои таҳсилоти умуми дар ҳаҷми 900 млн сомон бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шуда аст.

То соли 2021 – то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлати 128 муассисаҳои томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ таъмиру таҷдид карда мешавад. Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯсти сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

Масъулинро зарур аст, ки назорати азхудкунии  донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатштносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат солҳои 2020 -2040 –ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Вазорати маориф ва илм, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, дигар вазоратҳои масъул ва дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ дошта дар татбиқи ин пешниҳод корҳои зиёд ба сомон расонанд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ қайд менамоянд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносии миллат мебошад. Ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурухшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид шуданд, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо ғояи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз карданд. Дар ҳақиқат, иброз доштани «Ман ба шумо сулҳ меорам»-и Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Роҳбари давлат заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуданд.

Баъд аз ташаккул додани низоми сиёсии идоракунӣ масъалаи таъмини субот ва эҳёи ваҳдат масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ мешуд. Дар алоқамандӣ ба ҳолати мазкур дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик яке аз унсурҳои асосии барномаи кории Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифта буд. Дар марҳилаи даргириҳо ва авҷи моҷароҳо дар мамлакат, инчунин, дастгирӣ ёфтани неруҳои бадхоҳ аз ҷониби манфиатдорони хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, вахдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва вахдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст.

Барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани хатару таҳдидҳо масъалаи таҳким ва пойдории ваҳдати эҳёгардида ба вуҷуд омада буд. Аввалин икдоме, ки дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда буданд, бунёди нақбҳо ва бозсозии рохҳои мошингард ба ҳисоб мерафт. Бунёди нақбҳо ва навсозии рохҳои мошингард дар он замони душвор фалсафаи худро дошт. Агар аз як тараф бунё­ди нақбу рохҳо омили баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ташкил менамуд, аз тарафи дигар заминаи муҳими таҳкими вахдати миллӣ гардид. Сангарҳои табиат, ки сабаби махдуд гардидани муносибатҳо байни минтақаҳо буданд бартараф шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид ба марҳалаи нави инкишоф ворид гардид.

Дар мамлакат масъалаи бар­тараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, инчунин, таъмин намудани шароити зисти арзанда муҳим буд, зеро суръати рушди давлатҳо ва ҳаёти ҷамъиятӣ чунин ҷиҳатро тақозо менамуд. Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои мазкурро дар барномаи миллат меҳвари худ қарор доданд. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардид, ки ҳам истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуд ва ҳам| дар пешрафти соҳаи саноат мусоидат кард. Maxсусан, бунёди НБО «Роғӯн» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти  таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад.

Умуман, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бештар аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро огоҳона баҳогузорӣ намоем дарк мекунем, ки ин шахсияти ҷаҳонӣ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудаанд. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардид, ки миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат пазируфтанд.

Акобир Мирзораҳимов, ноиби ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, д.и.б., профессор

Шоҳназар Бердиев,  мудири кафедраи фалсафа н.и.ф., дотсенти ДДОТ ба номи С. Айнӣ  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *