Путин ва Трамп нархи нефтро арзон мекунанд

Президенти ИМА Доналд Трамп дар як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин аз тасмими коҳиши истихроҷи нафт, ки бозорҳои ҷаҳонии молиявӣ ва энергетикиро ба эътидол меорад хуб истиқбол кард. Дар ин бора портали “ТАСС” хабар медиҳад.

Бино ба иттило манбаъ президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбати телефони ба президенти Русия Владимир Путин барои кор бо Арабистони Саудӣ ва дигар истеҳсолкунандагони нафт, ки бозорҳои ҷаҳонии энергетикиро ором кард, ташаккур гуфт.


Ҳамчунин рисҷумҳури Амрико бо шоҳзода ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон Ал Сауд сӯҳбати алоҳидае баргузор намуд, ки зимни он ӯ ба ҷониби Саудӣ барои ҳамкорӣ бо Русия ва дигар кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ арзи сипос кард.

Қаблан Путин, Трамп ва подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдель Азиз Ал Сауд зимни гуфтугӯи сеҷонибаи телефонӣ тавофуқномаи коҳиши истихроҷи нафтро тасдиқ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *