Рӯдакии Самадиро барои зардуштӣ буданаш куштанд ё пул? (қисми 2)

Аввали матлаб дар инҷост

Шоҳидон ва наздикони Рудакӣ чӣ мегӯянд?

Ромин Ҳодизода, ки ба гуфтааш қатли Рӯдакии Самадӣ дар назди хонаи онҳо сурат гирифтаву маҳз оилаи онҳо, пеш аз ҳама, полисро хабар карданд, гуфт, ки қатли Рӯдакӣ дар зери панҷараи хонаи онҳо иттифоқ афтодааст ва он замон  Ромин 15 сол дошт.

— Хонаи мо дар ошёнаи якум буд. Дар хона будам, ки садои баланди шиллики гулӯларо шунидам. Пас аз лаҳзае садои баланди як мард ва шиллики дувум шунида шуд. Оҳиста бо модарам аз панҷара нигоҳ кардем, ки як марди ҷавон бо пираҳани сафед афтодааст. Мо ба пулис хабар додем. Баъд пулис ба хонаи мо ҳам омад ва аз модарам баёнот гирифт. Фаҳмидем, ки номаш Рӯдакӣ буд. Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки ба хотири қарз ва пул кушта шудааст. Баъдан сарусадоҳое дар бораи зардуштӣ буданаш шунидем,- илова намуд Р. Ҳодизода

Журналист Мирзои Салимпур, ки он замон яке аз аввалинҳо шуда хабари қатли Рӯдакии Самадиро расонаӣ кард, гуфт, ки қотилро наёфтанд ва он вақт фарзияи қатлаш қасос барои таблиғи ақидаҳои дини зардуштӣ буд. Ӯ дар идома гуфт, ки қатли Рӯдакӣ пайравони дини зардуштӣ дар Тоҷикистонро тарсонд, онҳо то чанд сол дигар ҷуръати фаъолият карданро надоштанд.

Аъзам Афзалӣ, яке аз дӯстони наздик ва узви Анҷумани пажӯҳишӣ-фарҳангии «Маздоясно» гуфт, ки баъди қатли Рӯдакӣ касе роҳбарии анҷуманро ба уҳда намегирифт, чунки ҳарос доштанд. Вале он ҳамчун анҷуман расман ду сол вуҷуд дошт, баъди он ки тибқи қонунгузорӣ бояд аз сари нав номнавис мешуд, касе муроҷиат накард ва фаъолияти он қатъ карда шуд.

Ба таъкиди Афзалӣ қатли ӯ маҳз кори дасти тундгаронёни исломӣ буд, ки он шабу рӯз хело зиёд буданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо то андозае бадбину тундгаро буданд, ки аз қатли одам даст намекашиданд. Вақте ки ин Анҷуман аз арзишҳои пешазисломӣ дифоъ мекард, онҳо ин ҳамаро қабул карда натавонистанд.

Зимнан, 21-уми феврали соли 2005 рӯзноманигори газетаи «Вечерний Душанбе» Наргиз Закирова дар сомонаи «iwpr.net» таҳти унвони «Нищета в Таджикистане на руку неисламским религиозным организациям» маводе нашр намудааст, ки он дар баробари қайди пайравони дигар динҳо дар Тоҷикистон аз ҳодисаи қатли Рӯдакии Самадӣ низ ёдовар шуда, бо такия ба хабарҳои ғайрирасмӣ қатли ӯро аз надоштани таҳаммулгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Қатли Рӯдакӣ — идомаи террори чеҳраҳои фарҳангӣ

Рӯзноманигор, собиқ аъзои Анҷумани пажӯҳишӣ ва фарҳангии «Маздоясно» ва яке аз дӯстони наздики Рӯдакӣ Исфандиёри Одина дар мавриди омил ва дастандаркорони қатли ӯ бар он назар аст, ки он ба фаъолиятҳои фарҳангияш рабти мустақим дорад, чун дар он замон ҳар сари чанд вақт чеҳраҳои фарҳангӣ террор мешуданд: «Қатли Рӯдакии Самадӣ ҳам ҷузъе аз ҳамон силсила аст, аммо дақиқ намешавад гуфт, ки кадом гурӯҳ дар ин қатлҳои занҷираӣ даст доштанд».

Яке аз дӯстон ва ҳамкорони собиқи Рӯдакии Самадӣ, рӯзноманигор Аҳмадшоҳи Комилзода, ки бо оилаи Рӯдакӣ рафтуомади наздик дошт, гуфт, ки аз рӯи назарҳои сиёсӣ Рӯдакӣ қурбони тангназариҳое, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле шадидтар буданд, гардидааст. Чунки далели дигаре вуҷуд надошт, ки ӯ кушта шавад, пулдор ё одами сиёсӣ набуд: «Ӯро гурӯҳе аз мутаассибони исломӣ барои ақидаҳояш ба қатл расониданд».

Номбурда гуфт, ки бо Рӯдакии Самадӣ тақрибан солҳои 1996-1997 дар Теҳрон ошно шудааст ва баъди он ки ӯ ба Тоҷикистон баргашт, як созмони расмие бо номи Анҷумани пажӯҳишӣ ва фарҳангии «Маздоясно» таъсис дод. Маконеро ба иҷора гирифт ва онҳо бо ҳам кор мекарданд.

А. Комилзода нақл кард, ки баъдан сармоягузорони Анҷуман барои чанд компютер ва дастгоҳи дигар маблағи муайян фиристоданд. Фаъолияти онҳо бештар аз баргардонии матнҳои классикии форсӣ-тоҷикӣ, таҳрир ва нашр намудани онҳо иборат буда, инҳо рабте ба дину оин надоштанд, бештар китобҳое буданд, ки аз таъриху забони Эрони қадим маълумот медоданд.

Ҳукумат Анҷумани «Маздоясно»-ро дастгирӣ мекард?!

Рӯдакӣ Самадӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш, бо шоир Салими Зарафшонфар дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» №19 (8615) аз 12-уми майи соли 2000 «Рӯдакии Самадӣ: Ориёӣ будем, ориёӣ мондем», дар мавриди Анҷумани пажӯҳишӣ ва фарҳангии «Маздоясно», ки ба гуфтаи ӯ 13-уми июли соли 1999 сабти ном гардидааст, қайд менамояд, ки ҳадафи он пажӯҳиши мероси тоисломии тоҷикон; пос доштани оинҳои хуби ориёӣ, эҳё намудани арзишҳо ва фарҳанги он; ҳамбастагӣ бо тамоми зардуштиён ва дӯстдорони тамаддуни бостонии тоҷик; маркази фарҳанги маздаяснӣ қарор додани Тоҷикистон; баргузории симпозиум ва кунгураҳои байналхалқии илмӣ доир ба таҳқиқу тадқиқи Авасто; мусоидат баҳри мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба тарбияи насли наврас; муҳофизати муҳити зист, яъне экология, ки яке аз фармудаҳои паёмбари Зардушт аст; ташвиқу таблиғи сулҳ, оромишу амният ва дӯстии ҳама қавму миллатҳо ва ҷалб намудани сармоягузорон ва сармоядорони зардуштии ҷаҳон барои обод сохтани Тоҷикистон мебошад.

Дар идома ӯ аз корҳои анҷомдодаи анҷуман, ёдовар шуда, дар мавриди он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мақсаду мароми анҷуманро ҷонибдорӣ менамояд, мегӯяд, ки мақсаду марои онҳо бомарому мақсади Ҳукумати кишвар тавъам аст ва ин аст, ки Барномаи умумии кори анҷумани «Маздоясно» аз ҷониби Ҳукумат дастгирию пуштибонӣ ёфт. Илова менамояд, ки дар анҷуман бо аҳли илму адаб робитаи зич дорад ва онҳо таъсиси онро чун воқеи бузурги ҷамъиятӣ пазируфтанд.

(Давом дорад)

Мазҳаб Ҷумъа

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *