Коронавирус: 106 фавт ва 4515 сироятёфта дар Чин

Дар Чин аз коронавирус 106 нафар фавтида, шумораи сироятёфтагон ба 4515 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” хабар дод. 

Теъдоди фавтҳо дар музофоти Ҳубейи Чин ба 24 нафар расидааст. Дар як рӯзи охир тақрибан 1,3 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтанд. Дар маркази маъмурии музофотӣ — шаҳри Вуҳан, ки маркази зилзила аст, 22 нафар ҷон бохтанд ва ду нафари дигар бошад дар шаҳри Тянмен.

Як рӯз пеш мақомоти Чин аз ҳалокати 80 нафар ва 2794 сирояти нави коронавирус хабар дода буд.

Бояд гуфт, ки ин бемории сироятӣ аллакай дар Камбоҷа, Ҳонконг, Макао, Тайван, Тайланд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия ва Малайзия ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *