Рӯдакиро кӯр карданд, бас набуд?
Вафо Эшонқулови самарқандии забондӯсту худшинос солиёни дароз орзу мекард, ки дар Самарқанд ҳайкали Рӯдакии Самарқандӣ қомат рост карда бошад, аммо ҳеҷ фикр дар сар надошт, ки рӯзе ташаббускори ин иқдом худаш хоҳад шуд.
Соли 1988 ба рӯзномаи “Ленинский путь” (“Самаркандский вестник”) мактубе бо имзои 37 нафар кормандони шуъбаи самарқандии Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии “Узстройпроект”, ки Вафо Эшонқулов корманди он ва ташаббускори мактуб буд, расид ва 8-уми декабри он сол таҳти унвони “Пусть будет памятник Рудаки!” чоп шуд. Ин дархосту пешниҳод байни аҳолии вилоят ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард ва ҳатто аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи шаҳру вилояти Самарқанд низ маъқул дониста шуд. Дар ин бобат 20-уми декабри соли 1989, яъне баъди як сол қарори якҷоя қабул гардид. Аз КМ Ҳизби коммунист ва Шӯрои Вазирони Ӯзбекистон иҷозаи ҳалли масъала пурсида шуд… Хушбахтона, рухсати гузошта шудани ҳайкал ба даст расид.
Ҳамзамон, гуруҳи равшанфикрони самарқандӣ дар фикри бунёди “Хазинаи Рӯдакӣ” афтоданд. Хазина таъсис ёфту дар бонки АК АПБ ҳисобрақами худро боз кард. Хазинадори он худи Вафо Эшонқулов таъин гардид. Дар Театри опера ва балети Самарқанд 27-уми феврали соли 1992 муаррифии “Хазинаи Рӯдакӣ” ва марафони хайриявӣ бо ташкили базми шеъру суруд бо иштироки меҳмонони зиёде аз вилоёту маркази Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷумҳуриҳои дӯсту бародари ҳамсоя чун Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистону Қирғизистон ва санъаткорони номдори ҷумҳурӣ бо шукуҳи хосе баргузор гашт. Ин далели раднопазири дилбастагии мардум ба назми оламгиру ҷовидонаи Рӯдакӣ буд, ки ҳатто он рӯз мардуми зиёде аз норасоии ҷой берун аз бинои театр монданд. Тамоми маблағи он рӯз ҷамъомада ба хазинаи Рӯдакӣ ирсол гардид.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон озмун барои лоиҳаи муҷассамаи Рӯдакӣ эълон гардид ва дар он ғолибиятро саррасоми Театри опера ва балети Самарқанд Даврон Сафозода ба даст овард. Ҳайкалтароши самарқандиасли тоҷикистонӣ Шаҳриёр Мухторов ва меъмори самарқандӣ Ҷамшед Султонов бо ҷӯшу хурӯш ва меҳри беандоза ба сохтани пайкара шуруъ карданд. Мувофиқи нақша ҳайкал мебоист соли 1991 қад меафрохт, аммо аз сабаби набудани маблағи зарурӣ, яъне як миллион сӯм, он қафоандоз шуд. Барои ҳайкали 6-метра 742000 сӯм ва барои иҷрои тадбирҳои меъморию наққошӣ ва ороиши майдон низ маблағ лозим буд. Мутаассифона, то он дам ҳамагӣ 63932 сӯм ҷамъ шуда буду халос. Чун аз суръати пасти ҷамъоварии маблағ аксарият огоҳ гаштанд, ҳисси ҷавонмардию ҳимматбаландии бисёриҳо боло гирифту ба ҳисобрақами хазина ғайричашмдошт пайи ҳам хайрияи мардум ворид гашт.
Ин ҷо дилсӯзию кумаки раиси хазинаи “Эҳёи Самарқанд”, раиси Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Самарқанд Пӯлод Абдураҳмонов, раиси Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Самарқанд Мустафоқул Ғаниев ва ҷонишини ӯ Соҷида Аҳмадҷонова (равоншодҳо), раиси Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Сиёб Фаррух Ҳошимов, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов, раиси Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) Лоиқ Шералӣ, мудири Китобхонаи миллии Эрон Алии Кофиро метавон алоҳида ба забон гирифт.
Саҳми корхонаи саҳомии “Сино”, заводҳои таҷрибавӣ (опитний), кимиё, “Кинап”, “Красний двигател”-ро махсус бояд таъкид кард.
Инчунин, ба хазина сокинони деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакат, омӯзгорони ноҳияи Бӯка, шаҳри Чирчиқ, маркази фарҳанги тоҷикони Чирчиқи вилояти Тошканд, маркази фарҳанги тоҷикони Самарқанд, мактабҳои шаҳр, ноҳияҳои Самарқанду Нурободу Пастдарғам ва Ургут, институти такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят, шуъбаи тандурустии шаҳр ва гузарҳои шаҳру навоҳии вилоят аз аввалинҳо буданд, ки ба хазина маблағҳои назаррасе ворид карданд.
Дар мактаби рақами 5-и ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии ноҳияи Сиёб марафони хайриявӣ гузаронида шуда, 170 нафар омӯзгорони он музди якрӯзаи меҳнати худро ба сарҳисоби хазинаи Рӯдакӣ гузарониданд. Ҳамон рӯз хонандагони 55 синфи мавҷудаи мактаб аз синфи 1 то 11, омӯзгорон, тарбиятгарон, меҳмонон, ҳамсоягузарҳою мактабҳо, собиқ хатмкардагони мактаб, инчунин баробари тоҷикон намояндагони миллатҳои гуногун — русу ӯзбеку тотор ва арманӣ низ дар ин хайрия саҳми худро ҳамроҳ намуданд. Он рӯз ба сандуқи хайрия 11700 сӯм пул ҷамъ омад. Ин иқдом намуна гашту коргоҳу ташкилот, мактабҳои миёнаву олии дигар низ ба кори хайр камари ҳиммат бастанд.
Билохира, 22-юми марти соли 1996 пайкараи деринтизори Рӯдакии Самарқандӣ дар майдони Регистон қад афрохту парда аз рӯяш бардошта шуд. Маросими бозшавии он бо шукуҳ баргузор гашт…
Вале…
Бо сабабҳои номаълум соли 2009 муҷассамаи боҳашаммати Рӯдакии бузургворро бе ягон шарҳу эзоҳ ҷоҳилонаю дуздона шабонгаҳ аз майдони Регистон барканданду бурданд, ки боиси ҳайрату нофаҳмӣ, норозигӣ ва мушаввашхотирии мардум гашт.
Шояд барои паст нишондани ин норозигию ғазаби халқ буд, ки дар Боғи истироҳатии шаҳр нимтанаи гачии Рӯдакӣ, он ҳам бошад бе сабти номаш гузошта шуд ва баъди муддате чанд номашро — Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ навиштанду халос.
Мардум аз пешина бештар ҳайратзада буд ва сирри муамморо намефаҳмид, ки чӣ ҳоҷат ба ин масхарабозӣ буд, дар он сурате, ки муҷассамаи аслиро метавон гузошт. Аммо ҳаминро ҳам Худо бисёр дид магар, ки нимтана низ канда шуда, дар ҷояш кадом тадбиркоре ғарқи сохтани маскани фароғатие аст.
Аз он ҳодисаи нангин 13 сол сипарӣ гашту дар ин муддат дар расонаҳои хабарӣ ва муроҷиату мактубҳо ба раисҷумҳури имрӯзаи кишвар аз тақдири номаълуми ин пайкара бонги изтироб зада шуд. Вале ҳама бе натиҷа. Муроҷиатҳо ба аҳли матбуот, блогерҳо, масъулини якчанд музейҳо оид ба пайдои маълумоте бобати ҳайкали ба яғмо бурдаи Рӯдакӣ ҳамоно бенатиҷа мемонданд.
Соли гузашта директори хона-музейи Хоҷа Абдулазиз Абдурасулов дар Самарқанд равоншод Беҳрӯз Маъруфӣ дар суҳбате ҷои нигаҳдории ин ҳайкалро гӯшакӣ кард ва аз ҳамон дам ороми мо гум шуд, ки чӣ сон ба он дастрасӣ метавон пайдо кард.
Моҳе қабл тасодуфи ногаҳоние рух дод. Моро бахте даст доду пинҳонӣ вориди ҷое шудем ва бар натиҷаи кофтукови ҳарисона аз ҷои ғайричашдошт — зери партовҳо ҳайкали Одамушшуарои бо як пойи канда сарозер хобидаро пайдо кардему ҳуш аз сар парид, муддате худ карахту ҳайкал шудем ва дуд аз фиғонҳо баромад. Беихтиёр об бар чашм гирифта, мисраи “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад”-ро ба забон гирифтем.
Ҳам ба ҳоли Рӯдакӣ, ҳам ба беқадрии миллат ва ҳам меҳнатҳои зиёду умедҳои бар абас рафтаи мардум гиристем ва бар ононе, ки ин муносибати ҳақоратомезро ба даҳои нотакрор раво диданд, нафрину лаънатҳо хондем.
Рӯдакиро кӯр кардем, бас набуд,
Бахти ӯро шӯр кардем, бас набуд,
ки ҳатто ҳайкали беҷонашро таҳқир кардем.
Фикре касро ором намегузорад, ки барои кадом гуноҳаш Рӯдакӣ ба ин ҷазо гирифтор шуд?
То ин муддат Рӯдакӣ зери он партовҳо рӯй ба Модар-Замин хоб карда, дар ҳақи фарзандони Одам, ки ба ин ҳол гирифтораш карданд, чиҳо гуфта бошад?
Ин муносибати мансабдорҳоро чӣ тавр метавон эзоҳ дод?
Агар робитаҳою дӯстигӯиҳо рӯшану беғубор мешуданд, магар ҷои ин ҳайкал дар ҷои зарурӣ нею зери он ифлосиҳо қарор мегирифт ва он то кай бояд он ҷо мехобид?
Вой бар мо!
… Мо хушбинӣ ва бовариро гум накардаем ва умед танҳо аз раисҷумҳури муҳтарами худ Шавкат Мирзиёев дорем, ки эҳтироми воқеии байни халқҳову кишварҳои ба ҳам дӯсту бародар бо Тоҷикистонро, ки яке аз асосгузоронаш эшон буданд, муқаррар дониста, баҳри боз ҳам мустаҳкамтар гаштани ин муносибатҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Ва барои Рӯдакӣ ҷои муносибе дар Самарқанд пайдо шуда, Маликушшуаро қади худ боло хоҳад карду мо ворисон аз зери санги маломат озод хоҳем гашт. Ва ин нишони тантанаи адолат хоҳад буд!
Амина ШАРОФИДДИНОВА,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон,
узви ҳайати
мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
журналист, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ