Аз медал бенасиб монд

Дастаи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми рушд — 2022 аз медал бенасиб монд

Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми рушд — 2022 дар Минск мақоми чорумро гирифт.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар 18-умин мусобиқаи Ҷоми рушд, ки дар Минск анҷом ёфт, тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои медали биринҷӣ бо мунтахаби ҷавонони Белорус (U-17) вориди майдон шуд, менависад— Sputnik. 

Сабқат барои ҷои сеюм ба фоидаи дастаи мизбон бо ҳисоби 4:0 анҷомид. Федератсияи футболи Белорус беҳтарин лаҳзаҳои ин бозӣ бо Тоҷикистонро нашр кардааст.

Ҷоми рушд — 2022-ро тими мунтахаби то 17-солаҳои Исроил соҳиб шуд, ки дар даври ниҳоӣ дастаи наврасони Белорус (U-16) — ро шикаст дод. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт, аммо дар вақти зарбаҳои 11-метрӣ дастаи меҳмон бартариро гирифт.

Федератсия футболи Тоҷикистон изҳор дошт, ки Масрур Ғафуров бо 6 голи задааш беҳтарин нишонзани Ҷоми рушд — 2022 дониста шуд. Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта дар Ҷоми рушд дастаи Тоҷикистон мақоми аввал ва медалҳои тиллоро соҳиб гардид

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *