Рӯди Фон 3 мусофири “Mercedes-Benz”-ро фурӯ бурд. Ронанда ва як мусофири дигар захмиянд (аудио)
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, рӯзи гузашта, 31-уми август тахминан соати 20:05 дақиқа дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи деҳаи Чоре назди пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои КҲФ, автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мутааллиқ будааст, ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст. Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст. Сабаби садама дақиқан маълум нест, ба эҳтимоли зиёд аз баланд будани суръати ҳаракат ронанда мошинро натавонистааст идора кунад.
— Бо дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо ронандаҳо ва мусофирони роҳгузар соҳиби мошин ва яке аз мусофирон, сокини 60-солаи ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфараро бо ҷароҳатҳои вазнин аз дохили мошин берун оварда, ба бемористон интиқол доданд. Ҷасади се мусофири дигарро дар рӯди Фон меҷӯянд ва дар сурати пайдо шудани он маълумоти иловагӣ интишор хоҳад ёфт,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ