Рӯзи Ҷумҳурӣ: 25-уми октябр санаи калидӣ дар таърихи Қазоқистон аст
Баъди солҳои зиёд, имсол дар Қазоқистон аввалин бор иди миллӣ — Рӯзи Ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Санаи мазкур 13 сол боз дар ин кишвар ҷашн гирифта намешуд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев он дубора ба тақвим ҳамчун ҷашни миллӣ ворид карда шуд.
25-уми октябр — санаи муҳимтарин дар таърихи Қазоқистон
25-уми октябр яке аз муҳимтарин санаҳо дар таърихи Қазоқистон аст. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1990 Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатии ҶШС Қазоқистон қабул карда шуд. Дарвоқеъ, ин қадами аввалини кишвар ба сӯи истиқлол буд.
Эъломия соҳибихтиёрии ҶШС Қазоқистон ва асосҳои сиёсию ҳуқуқии кишварро ҳамчун давлати мустақил эълон кард. Дар он аввалин бор принсипҳои давлатдорие ба монанди тамомият, ҷудонашавандагӣ ва дахлнопазирии ҳудудӣ, инкишофи маданияти халқҳо ва забонҳои онҳо, мустаҳкам намудани худшиносии миллӣ ифода ёфтаанд.
Дар ҳуҷҷат инчунин принсипи мустақилона ҳал кардани масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ эълон карда шудааст. Қазоқистон ҳуқуқ пайдо кард, ки қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти амнияти давлатӣ ва корҳои дохилии худро таъсис диҳад. Президент бошад, роҳбари давлат, сардори ҳокимияти олии маъмурию иҷроия эътироф гардид.
Дар натиҷа, соли 2001 санаи 25-уми октябр ба рӯйхати идҳои давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон дохил карда шуд. Аммо баъдан, соли 2009 бо фармони Президенти нахустини кишвар он аз феҳристи рӯзҳои ид хориҷ гардид.
Рӯзи Ҷумҳурӣ — ҷашни миллӣ
Масъалаи эҳё кардани Рӯзи Ҷумҳуриро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси миллӣ моҳи июни соли ҷорӣ пешниҳод намуд. Сарвари Қазоқистон зикр намуд, ки Рӯзи Ҷумҳурӣ бояд ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда шавад. Дар мавриди Рӯзи Истиқлол бошад, Президент пешниҳод намуд, ки он ҳамчун рӯзи гиромидошти хотираи қаҳрамонони миллӣ ба рӯйхати идҳои давлатӣ шомил карда шавад.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ Сенати Парлумон тағйироту иловаҳо ба Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи кинематография, фарҳанг ва ҷашнҳо»-ро қабул кард.
Дар натиҷа, 25-уми октябр Рӯзи Ҷумҳурӣ — ҳамчун ҷашни миллӣ ва 16-уми декабр Рӯзи Истиқлол — ҳамчун ҷашни давлатӣ эълон карда шуд.
«Эҳёи Рӯзи Ҷумҳурӣ қадами хеле муҳими таърихӣ аст. Ин рӯзи фаромӯшнашаванда ба ҷашне табдил хоҳад ёфт, ки ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандони мо, талоши тамоми мардуми моро барои зиндагии озодона ва мустақилият таъмин месозад. Такдири давлати соҳибихтиёри мо дар дасти ҳар як шаҳрванд аст. Мо аз рӯйи принсипи «На инсон барои давлат, балки давлат барои инсон” роҳбарӣ мекунем»,- таъкид намуд Президент Тоқаев дар арафаи ҷашн.
Тибқи қонунгузории Қазоқистон, ҷашнҳои миллӣ идҳое мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои таҷлили рӯйдодҳои дорои аҳамияти махсуси таърихӣ таъсис дода мешаванд ва ба рушди давлатдории кишвар таъсири назаррас расонидаанд. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ бо чорабиниҳои расмӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Ҳамин тариқ, пас аз ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ, Рӯзи Ҷумҳурӣ ягона ҷашни миллии ин кишвар гардид.
Ба андешаи муаррихони қазоқ, эҳёи ҷашни Рӯзи Ҷумҳурӣ тасмими одилонаи таърихӣ аст. “Санаи 25-уми октябр қаблан таҷлил мешуд, аммо баъдан зери соя рафт. Ҳоло он ба ҷойи худ бармегардад. Ва ин асоснок аст. Дар ҳақиқат, 25-уми октябр — ин санаи соҳибихтиёрии иқтисодӣ, мустақилияти иқтисодии кишвар мебошад. Замоне, ки Қазоқистон дар ҳақиқат манфиатҳои миллии худро дар иқтисодиёт амалӣ менамояд. Аз ин рӯ, ин сана албатта муҳим аст”,- тасдиқ мекунанд онҳо.
Қазоқистон бо эълони соҳибихтиёрии худ роҳ ба сӯйи истиқлол пеш гирифт. Эъломия (25-уми октябри соли 1990) бошад, дар раванди ба даст овардани истиқлол қадами аввал ва марҳилаи муҳиме буд, ки манфиатҳои миллии Қазоқистонро дар соҳаи иқтисод фароҳам овардааст.
Дар мавриди он, ки чаро рӯзи 25-уми октябр ҳамчун ҷашни миллӣ таъйин шудааст, муаррихон қайд мекунанд, ки таҷрибаи муайян кардани кадом ҷашн миллӣ ва кадоме давлатӣ бошад, таҷрибаи миллатсозӣ аст, ки дар ҳама давлатҳо вуҷуд дорад. Бо тағйир додани ин таҷрибаҳо, давлат муайян мекунад, ки кадом санаҳо бояд аз нигоҳи таърихи кишвар калидӣ ҳисобида шаванд.
Умуман, Қазоқистон давоми чандин сол бори аввал аст, ки иди Рӯзи Ҷумҳуриро ҷашн мегирад. Ба гуфтаи Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ҷашни миллии Рӯзи Ҷумҳурӣ бояд рамзи қадами далеронаи кишвар ба сӯи давлатдорӣ гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ