Тақдими таҷҳизоти нав ба Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии тақдими таҷҳизоти навтарин дар самти ташхиси бемории сил иборат аз даҳ адад дастгоҳҳои рентгении ин беморӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар маросим муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намудаанд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо шарикон оид ба рушд дар самти ташхис ва пешгирии бемории сил ёдовар шуда, иброз доштааст, ки маҳз дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд давоми солҳои охир сатҳи гирифтории шаҳрвандон ба бемории сил дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст.

— Таҷҳизоти мазкур имкон медиҳанд, ки дар шароити куҳсор низ ташхиси бемории сил дар муддати кӯтоҳ ва дурусту дақиқ ба роҳ монда шавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *