Рӯзи Артиши миллӣ ва модар чӣ гуна таҷлил мешавад?

Шаҳри Душанбе Рӯзи Артиши миллӣ ва модарро бо тантана таҷлил мекунад. Дар ин бора Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Кумитаи тадорукот таҳти раёсати ноиби шаҳрдори Душанбе Дилбар Одилзода омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи артиш — 23-юми феврал ва Рӯзи модар — 8-уми мартро баррасӣ кардааст.

Ноиби шаҳрдори Душанбе пеши масъулин барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ду ҷашн вазифа гузоштааст.

Маврид ба зикр аст, ки 23-юми феврали соли равон аз рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон расо 30 сол пур мешавад. Бахшида ба ин солгард конфронсҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, маросими қадрдонии хизматчиёнӣ ҳарбӣ барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи артиш бо медалу ифтихорномаҳо дар назар аст.

Ҳамчунин тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳоди барномаҳои консертӣ, намоиши аксу мусаввараҳои таърихӣ аз бандҳои дигари барномаи ҷашнӣ мебошанд.

Аёдати собиқадорони қувваҳои мусаллаҳ, дастгирӣ намудани узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, арҷгузорӣ нисбат ба афсарону сарбозони ҳалокгашта ва даҳҳо чорабиниҳои дигар аз дастуроти дигари шаҳрдории Душанбе муаррифӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *