Қурбоналӣ Қурбонзода

Амали неке дар Хатлон, ки намунаи ибрат аст

Дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба наздикони афсарону сарбозони шаҳидшудаи тоҷик кумак расонида шуд. Ҳамчунин, ба ҷавонони имконияташон маҳдуд аробачаи муосир тақдим гардид.

Қурбоналӣ Қурбонзода — сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон наздикон ва оилаҳои аскаронеро, ки дар муноқишаҳои марзӣ шаҳид шудаанд, аёдат намудааст.

Ба гуфтаи вай, ҷавонони шуҷоъ ва ғаюри тоҷик барои ҳифз ва ҳимояи марзу буми кишвар далерона сина сипар кардаанд, ки номи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ӯ мегӯяд, ки “аёдат ва суҳбат бо наздикони афсарони дар муноқишаҳои марзӣ ҳалокшуда дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба шуҷоату далерии шаҳидони кишвар аст. Волидоне, ки чунин қаҳрамон ва ҳомиёни ватанро тарбия кардаанд, намунаи ибрати дигаронанд”.

Қурбоналӣ Қурбонзода ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Кӯшониён рафта, ба наздикони сарбозон ва афсарони ҳалокшуда маводи ғизоӣ кумак кардааст. Ҳамчунин, ӯ аз ҳоли ҷавонони имконияти маҳдуд дошта хабар гирифта, ба онҳо аробачаи муосир тақдим кардааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *