Рӯйдодҳои хотирмон дар соли 2016

СОЗАНДА

5 январ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ бо ҳамсар ва фарзандону пайвандонаш қиблаи муъминон – Каъбаро зиёрат кард. Ин бори сеюм аст, ки Сарвари Тоҷикистон маросими ҳаҷҷи умраро бо ҷо оварда, аз даргоҳи Худованд барои мардуми шарифи Тоҷикистон шукуфоӣ ва осоиш металабад.

***

20 январ дар Кохи «Сомон»-и бӯстонаройи шаҳрии Душанбе Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид.

***

27 январ  Озода Раҳмон, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии кишвар,   роҳбари Дастгоҳи  Президенти Тоҷикистон таъин гардид.

***

25 феврал бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон  Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии  Хатлон дар ноҳияи Данғара таъсис ёфт.

***

1 март телевизионҳои «Варзиш»-у «Синамо» ва Академияи васоити ахбори омма бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ карданд.

***

4 март Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе барои истифода дода шуд.

***

Моҳи март тибқи номаи Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Бонки ҷаҳонӣ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланди ҷаҳон роҷеъ ба об» интихоб шуд.

***

20 март дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар доир гашт.

***

Ёқуб Салимов аз маҳбас озод шуд.

***

12 май татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 оғоз шуд.

***

22 май раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ба тарафдории тағйиру иловаҳо  94,5 фисади раъйдиҳандагон  овоз доданд. Аз ин баъд калимаи «Сарқонун» нисбат ба он истифода намешавад.

***

20 август гурзпартои номии тоҷик Дилшод Назаров медали тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро ба даст оварда, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нахустин шуда, унвони чемпиони олимпиро соҳиб гашт.

***

24 август роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гашт.

***

 

7 сентябр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи ҷашнии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар ҳаҷми 56 саҳифаи ранга ба табъ расида, дастраси хонандагон гардид.

***

9 сентябр ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 25 сол пур шуд.

***

8 октябр Озмуни ҷумҳуриявии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» ҷамъбаст шуда, беҳтарин макотиби олии кишвар аз рӯйи номинатсияҳо муайян ва қадрдонӣ шуданд.

***

29 октябр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими дигар кардани  маҷрои дарёи Вахш ба хотири бунёди НОБ-и «Роғун» шахсан бо булдозер саҳм гузошт.

***

8 ноябр номзад дар маъракаи интихоботи номзадҳо ба президентии Иолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ғайричашмдошт аз рақибаш Ҳиллари Клинтон бештар райъ гирифта, президенти 45-уми ИМА интихоб гардид.

***

Моҳи ноябр ширкати  итолиёвии Salini Impregllo ба муддати 13 сол сохтмони НОБ-и «Роғун»-ро ба зимма гирифт.

***

16 ноябр  нахустин бор дар кишвар Рӯзи Президент таҷлил карда шуд.

4 декабр Шавкат Мирзиёев бо дарёфти 89 фоизи овози интихобкунандагон Президенти Ӯзбекистон интихоб шуд.

***

22 декабр дар Кохи «Сомон»-и бӯстонаройи шаҳрии Душанбе Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид

СӮЗАНДА

Қатли модари чилсола аз дасти писар дар «Давлати исломӣ».

***

5 феврал модари ҷавон Зуҳро Маҳмуродова дар шаҳри Норак худро бо 4 тифлаш ба дарёи Вахш андохт.

***

Шаби 15 ба 16-уми июл кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия карда шуд, ки он аз тарафи режими Раҷаб Эрдоған пахш гардид.

***

Бардошти иғвоангези журналисти Русия Пономарёв  аз сафараш ба Тоҷикистон ва маҳкумияти он аз ҷониби равшанфикрони кишвару хориҷа. Қатъ шудани нашри газетаи “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон.

***

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои сари полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов 3 млн доллар ваъда кард.

***

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои маҳрум сохтани гурӯҳи шоирону нависандагон аз узвияташон ба ин ниҳод иқдом намуд.

***

30 август дар Тошканд президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз дунё гузашт.

***

9 декабр як маъмури пулиси Туркия Андрей Карлов, сафири Русия дар ин кишварро зимни суханронӣ дар як намоишгоҳ парронда кушт. Мавлуд Олтинтоши 22-сола, ки берун аз маъмурияташ ба осорхона ворид шуда буд, ҳангоми тирандозӣ, “Аллоҳу Акбар” гуфта фарёд мезад.

***

25 декабр дар натиҷаи суқути ҳавопаймои «Ту-154» дар Баҳри Сиёҳ 92 тан мусофирону ҳавопаймоёни он ҳалок шуданд. 68 нафари онҳо аъзои ансамбли низомии ба номи А. Александров , 8 нафар ҳавопаймо 10 танашон рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионии Русия ва 6 нафар муиахассисони тиб буданд. Онҳо барои иҷрои консерт барои сарбозони Русия ба Сурия мерафтанд. Табибон доруворӣ ва дастгоҳхои тиббӣ мебурданд. Бо фармони Президенти Русия В. Путин 26 декабр дар сартосари кишвар Рӯзи умумимиллии мотам эълон гардид.

Таҳияи Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *