Замира Рустамова, “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016”

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва литсейи №55 даври ниҳойии озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон-2016” баргузор шудааст.

Чуноне аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, Замира Рустамова, омӯзгори мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ғолиби озмун эълон гардид: “Ба ғолиби озмун ва иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нишони Аълочии маориф ва илм ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулӣ ва аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ планшет ва роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуд”.

Озмун аз шартҳои амиқ матраҳ кардани мавзӯъ, маҳорати пешниҳоди донишҳои нав ба хонандаҳо, таҳлили дарсҳои ҳамдигарӣ ва малакаи муаррифии дастовардҳо тавассути васоити муосири техникии таълим, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер ва видепроектор баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории онро манбаъ, “дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳа, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа” унвон кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *