«Рӯйхати сиёҳ»- и тундгароён бекор карда шуд
Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, «рӯйхати сиёҳ»-и афроде, ки дар тундгароӣ гумонбар мешуданд, дигар вуҷуд надорад.
Эркин Юлдошев, муовини додситони кулли Ӯзбекистон рӯзи 19 декабр гуфт, «рӯйхати сиёҳ» бекор шуд. Вай афзуд, усулҳои мубориза бо тундгароӣ дар Ӯзбекистон тағйир меёбанд.
«Қабули қонун дар бораи мубориза бо тундгароӣ, ки чанде пеш қабул шуд, шаҳодати он аст, ки усулҳои мубориза бо терроризму тундгароӣ тағйир меёбанд ва таваҷҷуҳ бештар ба пешгирӣ равона мешавад», — гуфт Эркин Юлдошев.
Соли 2017 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расман эълон кард, ки «рӯйхати сиёҳ»-е вуҷуд дорад. Он замон Мирзиёев пешниҳод карда буд, афроде, ки изҳори пушаймонӣ мекунанд, аз рӯйхат хориҷ шаванд.
Президенти Ӯзбекистон дар як суханроние бахшида ба 26-солагии қабули Конститутсияи ин кишвар рӯзи 8 декабр гуфт, бештар аз 20 ҳазор одам аз «рӯйхати сиёҳ» хориҷ карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ