Шаҳзодаро «сартарошон» каданд

Модари ду кӯдак — Шаҳзода Ҳусановаи 28-сола аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон даъво дорад, ки ӯро худсарона муҷозот кардаанд.

Вай меафзояд, занҳое, ки ӯро латту кӯб карданд, то кунун ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудаанд ва ҳанӯз ҳам ба вай таҳдид мекунанд. Шаҳзода Ҳусанова нақл мекунад, ки 4 октябр се зан ба манзили вай даромада, ӯро латту кӯб ва мӯи сарашро тарошидаанд.

«Парванда таҳқиқ ва 4 декабр ба мақомоти милисаи ноҳияи Юнусободи Тошканд фиристода шуд», — хабар дод маркази матбуотии Додситонии кулли Ӯзбекистон.

Дар хулосаи ташхиси тиббӣ-додгоҳии ин ҳодиса гуфта шудааст, ки Ҳусанова «ҷароҳати сабук» бардоштааст.

Шаҳзода Ҳусанова мегӯяд, дар шабакаи иҷтимоии Telegram бо ҷавоне шинос шудааст. Зани он ҷавон аз тамосҳои шавҳараш бо Шаҳзода огоҳӣ пайдо карда, ҳамроҳ бо ду зани дигар ба хонаи Ҳусанова омадааст. Онҳо Шаҳзодаро латту кӯб ва баъдан мӯи сарашро қайчӣ кардаанд. Аз ин латту кӯбҳо Шаҳзода аз ҳуш рафтааст ва занҳо аз ин ҳолат истифода карда, ороишоти тилоии ӯро рабудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *