Рӯзҳои истироҳат ҳаво намеборад

Ба  иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо то 34 дараҷа гармӣ мерасад.

Имрӯз, 28 апрел дар  вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +29 +34 гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад. Шабона  ҳарорати ҳаво +9 +11 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *