Аста ҳайданг, тоҷик ака!

Посухи журналисти тоҷик ба журналисти ӯзбек

Шумо боре ҳам ба ҳамкасби худ, ки ӯ ҳам журналист аст, ҷавоб навиштаед? Не?  Хуб кардаед, зеро ин кор ба он монанд аст, ки дар рӯ ба рӯятон нафари яроқнок истодааст ва ӯ дар даст  автомат дораду шумо пистолет. Яъне, ҷавоби таппонча ба автомат хоҳад буд. Агар напарронед, маҷбуред, ки таслим шавед ва  агар парронед, бояд тавре парронд, ки тиратон ба ҳадаф расад, вагарна тавре ки дар бозиҳои компютерӣ мегӯянд, шумо “труп”! Ана, ман ҳам хостам ба    ҳамкасби ӯзбеки худ -акаи Каримбердӣ Тӯрамурод, ки аз “санъати” мошинронии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва аз “каттагарӣ”-и онҳо дар “сиёҳшишаҳо”-и тоҷикӣ шиква мекунад, ҷавоб гӯям.

Не, ин ҷавоб не, ҷавоб мисли ҳамон таппончаю автомате, ки дар боло гуфтам, хоҳад буд, ман танҳо ҳамдардӣ карданӣ. Акаи  Каримбердӣ,  шумо ронандагони тоҷикистониеро, ки ба қаламрави кишваратон сафар мекунанд, насиҳат кардед:   «Бародарони азиз! Аввало, рондани мошин бо суръати баланд ва бидуни риояи қоидаҳои роҳ ба ҳаёти худи шумо ва шаҳрвандони мо хатар дорад. Сониян, ҳаракат бо мошинҳои сиёҳшиша метавонад норозигии ронандагони моро ба бор биорад ва онҳо ҳам талаб кунанд, ки: «Мо ҳам чунин мошин мехоҳем.” Насиҳататон аввал ба гӯши БДА-и Тоҷикистон расид ва онҳо дар навбати худ гуфтаҳоятонро “дублироват” карда, ин  ронандагонро насиҳат карданд:Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиётие, ки ба ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя — Ӯзбекистон сафар менамоянд, эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар меъёрҳои амалкунанда риоя ва итоат намоянд”. Яъне, тиратон ба ҳадаф расид ва минбаъд  қадами “сиёҳшишаҳо” ба  Ӯзбекистон намерасад, аммо аз “сафедшишаҳо”-и пурдабдабаю “буққагариҳо”-и онҳо  худи мо ҳам, ки бисёр пастию баландиҳои   роҳро дидаем, ҳарос дорем. Бовар намекунед? Ана, банда, ки зиёда аз 30 соли умри худро дар паси “Волга”-ю Жигули”-ю “Москвич” паси сар кардаам, баробари бо суръати баланд наздик шудани ягон “Прадо”-ю “Лексус”-“Муксус” оҳиста “паваротник”-амро равшан мекунаму то гузаштани ин “филмошин” сабр мекунам. Зеро боре як шиносам бо “Опелчааш” садди  роҳи чунин мошин  шуду каме капоти “Лексус” харош ёфт. Бовар кунед Каримбердӣ, ҳам шаллоқ хӯрд, ҳам маблағи капоти “Лексус”-и “буққаро”, ки баробари нархи “Опел”-и куҳнааш  буд, дод. Ана, ҳамин хел Каримбердиҷон, ҳоли мо аз шумо беҳтар нест. Шумо мегӯед, ки “ронандагони мо ҳам норозӣ шуда, рақами сиёҳ талаб мекунанд”. Хоҳиши бародарона: ҳаргиз ин корро накунед, ки табақабандии  ҷомеа аз ҳамин “сиёҳӣ” сар шуд, ки он ба  ягон сафедӣ намебарад. Мо ҳам ҳамин, ки Роғунро сохтем  (мегӯянд, ки маблағи шишасиёҳкунӣ ба ҳамон ҷо равона мешавад), аз ин “сиёҳӣ” даст мекашем. Акнун дар мавриди гуфтаи шумо, ки  “ Дар масъалаи мошинҳои гаронбаҳо бояд бигӯям, ки мардуми Ӯзбекистон ҳам чунин мошинҳо доранд, вале ҳамватанҳои ман ҳамчун аломати ватандӯстӣ рондани мошинҳои сохти Ӯзбекистонро бартарӣ медиҳанд. Агар шумо мехоҳед бо рақамҳои воҳимаатон фахр кунед, дар мо ҳам рақамҳое ҳаст, ки 300 миллион сӯм нарх доранд”. Нафаҳмидед, ки чаро мо мошинҳои “воҳима”-и хориҷӣ дорем? Охир мо алҳол мисли шумо ақаллан ягон заводи “Жигули” – барорӣ созем, ана баъд мебинед, ки бо ҳиссаи баланди ватандӯстӣ ҳама “Жигули”- савор ба кишвари шумо меравем. Лекин бояд рӯирост  иқрор шавем, ки рақами 300 — миллиона надорем. Алҳол бо  ҳамон рақамҳои 10 ҳазораю 20 ҳазораи худ қаноат мекунем ва ҳамин мошинчаҳои дар  Прибалтика дубора сохташударо савор шуда мегардем. Шумо Ҳасани аробакашро мешиносед? Агар шиносед, ӯ ҳам аввал аз ароба сар карда буду баъд ба мошин гузашт ва мо набераҳои ҳамонем. Муҳимаш, дӯстӣ бошад. “Аммо ба ҷои мусобиқа бо тамғаву рақам ва шишаҳои сиёҳи мошинҳоямон, агар мо дар дурусту қонунӣ рондани мошин мусобиқа мекардем, ба мақсад мувофиқтар мебуд”. Ба ин гуфтаҳоятон сад фоиз мувофиқам. Биёед, аввалин чунин мусобиқаро ману шумо дар шоҳроҳи роппа- рости Регар-Душанбе баргузор кунем, зеро ҳардуямон на  рақами “крутой” дорему на мошини  гаронбаҳо. Касе ғолиб ояд, якто “Лексус”… мебахшед “Дайво”-и ӯзбекӣ мукофот. Чӣ гуфтед? “Бародарони тоҷикистонӣ! Мо ба шумо «хуш омадед, дар қадамҳоятон ҳасанот” мегӯем, эҳтироматонро ба ҷо меорем. Аммо чунин «парвоз”-ҳои шумо мабодо боиси зарар ба сиёсати байни ду кишвар ва сабаби аз нав баста шудани сарҳадҳо шавад. Фақат, илтимос, шумо ҳам ба мардуми Ӯзбекистон, ба қоидаву қонунҳои ин ҷо эҳтиром гузоред! Ана, ҳамон вақт дӯстии мо мустаҳкам мешавад. Ана, ҳамон вақт алоқаҳои дӯстонаи мо хубтару беҳтар хоҳад шуд.” Боз ҳам бо шумо 200 фоиз мувофиқам ва кӯшиш мекунам, ки ин насиҳататонро ба гӯш ҳалқа карда гирам, Каримбердиҷон.  Аммо дигар ҳарф аз сарҳадбандии дигарбора назанед, ки сахт хафа мешавам. Ҳамту “аста ҳайданг, тоҷик — ака”,- гӯед кифоя, мефаҳмем.    Зеро акнун набояд ягон  “сиёҳшиша”,  ягон “крутою буққача”, ягон “отамизу боламиз”  ва на ягон “Лексус”- у “Уксус” садди роҳи дӯстию бародарии мо шавад. Чӣ гуфтед, Каримбердӣ?

Абдумудассир АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *