Рӯзҳои истироҳат ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
22 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 34 -39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 34-39 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст, 37 – 39 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ