Маъшуқаи ҳомилаашро кушту оташ зад

Чуноне аз хабарҳои сомонаи ВКД бармеояд,рӯзи 20-уми июли соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда, тахминан моҳи ноябри соли 2015 бо зани 24-солаи сокини ҳамин ноҳия муносибати ошиқона пайдо кардааст. Дар натиҷа зани номбурда ҳомиладор шуда, шарт гузоштааст, ки ӯро бо манзили истиқоматии алоҳида таъмин карда, ҳамроҳ ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ кунанд.
Гумонбаршуда бо шарти охирон розӣ шуда, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки бо роҳи куштор аз зан ва кӯдаки дар батнаш буда, халос шавад.
Бо ин мақсад санаи 19-уми октябри соли 2016, тахминан соати 18:30-дақиқа, бо нақлиёти шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, ба манзили истқоматии зани номбурда омада, бо роҳи фиреб ӯро ба автомашинааш савор карда, ба ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҶСК “Гулистон”-и ҳамин ноҳия бурда, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Баъдан, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш, ҷасади занро бо сӯзишвории бензин оташ задааст.
Сипас, ҷасади нимсӯхтаро ба халтаи синтетикӣ ҷой карда, ба бордони автомашинаи мазкур бор карда, ба масофаи 2-километр дуртар аз ҷойи ҳодиса бурда, дар ҷойи ноаён гӯр кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *