Қарздорон қарздиҳандаро кушта ба об партофтанд, аммо..

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрвандон: марди 43 ва 47-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, аз рӯи нақшаи пешакӣ ва бо мақсади содир намудани ҷинояти куштор, санаи 17-уми июли соли равон, тахминан соатҳои 20:30- дақиқа, марди 43-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо баҳонаи баргардонидани маблағҳои қарзи гирифтаашон, ба деҳаи Чорсадаи ҳамин шаҳр даъват менамоянд.
Баъдан номбурдагон бо роҳи фиреб он мардро ба автомашина савор карда, ба воситаи ресмон ва бо роҳи буғӣ кардан охиронро ба ҳалокат расонида, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардаашон, ҷасади ҷабрдидаро ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, ки ба марди 30-солаи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри мазкур тааллуқ дорад, бор карда, ба дарёи “Зарафшон” мепартоянд.
Ҷасади ҷабрдида тахминан соати 17:40-дақиқаи ҳамон рӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрии ш.Панҷакент дарёфт карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *